Бунёди Саудии Рушд роҳи Кӯлобро азнавсозӣ мекунад

Ҳайати Бунёди Саудии Рушд ба Тоҷикистон омаданд.

Тавре ки аз Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ба Pressa.tj хабар доданд, ҳадаф аз ин боздид роҳандозии оғози арзёбии лоиҳаи роҳи Кӯлоб ҷиҳати омӯзиши имконияти маблағгузории он ба маблағи 32 миллион доллари ИМА аст.

Гуфта мешавад, ки лоиҳаи мазкур дорои аҳамияти стратегӣ буда, ҳаракати баландсифати нақлиётро таъмин мекунад, давлатҳои Осиёи Марказиро ба Хитой ва баъзе кишварҳои Уқёнуси Ҳинд мепайвандад.

Ҳамчунин, ҳайат бо ҷараёни корҳо дар лоиҳаи Кӯлоб-Қалъаи Хумб (A&F), ки барои иҷрои он Бунёди Саудии Рушд бо маблағи 30 миллион  доллари ИМА саҳм мегузорад, шинос шуд.

 Интизор меравад, ки ин лоиҳа дар семоҳаи дуюми соли 2024 анҷом ёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *