Бунёди шаш муассисаи таълимӣ дар Вахш
Дар назар аст, ки дар ноҳияи Вахш шаш муассисаи таълимӣ ва ду бинои иловагӣ бунёд карда шавад. Ҳамчунин бо саҳми сокинон ва соҳибкорон бунёди беш аз 40 синфхонаи иловагӣ дар нақша аст.
Гулбаҳор Кенҷазода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки бо саҳми сокинон дар соли равон, 23 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ бунёд карда шуд. Ӯ мегӯяд, феълан сохтмони 43 синфхонаи дигар бо маром идома дорад.
“Ҳамасола аз ҳисоби хонандагони синфҳои ибтидоӣ шумораи таълимгирандагон зиёд мешавад. Бо ҳамин сабаб талабот ба муассисаҳои нави таълимӣ, бино ва синфхонаҳои иловагӣ бештар мешавад”.
Гулбаҳор Кенҷазода афзуд, ки дар доираи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022 -2027 сохтмон ва азнавсозии шаш муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба таъкиди вай аз шаш муассиса, аллакай ду муассиса ба истифода дода шудааст. Дар ду иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бо маром идома дорад. Бунёди ду адади дигар дар наздиктарин мӯҳлат оғоз хоҳанд шуд, — мегӯяд ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ