Бурак Дениз: Дузде, ки дил медуздад
Даричаи ошноӣ:
Ному насаб: Бурак Дениз.
Касб: Ҳунарпешаи синамо.
Макони таваллуд: Истамбул-Туркия.
Санаи таваллуд: 17. 02. 1991.
Мучал: Далв.
Қад: 1, 82 см.
Вазн: 77 кг.
Падардори бе падар
Бурак Дениз ҳунарманди бисёр ҷавон, вале машҳури синамои турк буда, мардуми тоҷик ӯро ҳамчун соҳибкор Мурод аз силсилафилми «Любов не понимает слов» хуб мешиносанд. Мувофиқи маълумотҳои расмӣ ин ҷавони ҳунарманд 17-уми феврали соли 1991 дар шаҳри Истамбули Туркия ба дунё омадааст, вале баъзе сарчашмаҳои туркӣ менависанд, ки таърихи тавлиди Бурак 20-уми октябри соли 1989 буда, вай на дар Истамбул, балки дар Измир таваллуд шудааст. Баъдтар бо сабаби сар задани нофаҳмӣ ва ҷангу ҷанҷол дар байнашон волидонаш аз ҳам ҷудо мешаванд ва Бурак ҳамроҳи модараш ба пойтахти Туркия шаҳри Истамбул омада, дар хонаи бобои модариаш зиндагӣ мекунад.
Сағераи хуштолеъ
Орзуи актёри машҳур шуданро Бурак ҳанӯз аз овони хурдсолӣ дар дил мепарварид ва хаёлан худро ба ҷойи қаҳрамонҳои филмҳои телевизионӣ тасаввур карда, курта-курта гӯшт мегирифт. Хушбахтона, бобою модарашро ӯро дастгирӣ намуданд ва баъди хатми мактаби миёна Бурак ба донишгоҳи Канаккале Онсекиз Март дохил шуд, то нозукиҳои санъатро омӯзад. Замони донишҷӯӣ вай бисёр мутолиа мекард ва дар кастингҳои гуногун иштирок намуда, маҳорати худро месанҷид. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста ин ҷавони меҳнатӣ ва боистеъдод ба олами синамо роҳ ёфт. “Дневник Колледжа”аввалин филмест, ки Бурак дар он нақш бозидааст. Нақши муваффақи дар ин филм бозидааш боис гашт, ки нигоҳи коргардонҳо ба ин ҷавони ташнаи шуҳрат тағйир ёфта, минбаъд ӯро ба филмҳои худ таклиф мекардагӣ шуданд, аммо…
Дузде, ки дил медуздад
Пас аз силсилафилми “Дневник колледжа” Бурак Дениз дар филми “Tatli Kucak Yalancilar” нақш офарид ва номаш дар саросари Туркия вирди забони хурду калон гашт. Филми мазкур версияи туркии шоуи телевизионии “Милие обманшики” буда, лаҳзаҳои аҷиб дорад. Туфайли ин филм тамошобинон Буракро боз ҳам бештар дӯст дошта, мафтуни найрангҳои ин ҷавони зирак гаштанд.
Бурак Дениз дар кадом филме, ки нақш набозад, он филм машҳур мегашт. Дар филми “Беглец” вай нақши ҳамномаш Буракро чунон табиӣ бозидааст, ки ягон тамошобин нисбати сарнавишти ин ҷавон бетараф монда наметавонад. Бо шарофати бисёр самимона нақш бозиданаш дар кӯчаҳо мардум ӯро на бо номи худаш, балки бо номи қаҳрамонҳояш садо мекунанд. Барои ҳунарманд дар дунё аз ин дида, хушбахтии бузургтар нест…
Орзуи ситора
Соҳибкор Мурод аз силсилафилми “Любов не понимает слов” шуҳрати Бурак Денизро аз марзҳои ватанаш берун бурда, номи ин ҳунарманди ҷавонро дар дигар кишварҳо низ вирди забони хурду калон гардонд. Филми мазкур бо забонҳои русиву англисӣ ва форсӣ тарҷума шуда, дар чандин кишварҳои ҷаҳон ҳаводорони худро дорад. Дар кишвари мо низ ин филмро бисёриҳо гоҳ бо оби дидаю гоҳи дигар бо табассум тамошо карда, мафтуни ин ҷавони зебо ҳастанд. Аксари мухлисони Тоҷикистонии Бурак Дениз мехоҳанд дар бораи ҳаёти пасипардагии ҳунарманди дӯстдоштаашон бидонанд, вале худи актёр асрори зиндагиашро ба касе намекушояд. Фақат ҳамин қадараш маълум аст, ки Бурак Дениз бозидани нақшҳои манфӣ ва офаридани симои бачаҳои авбошро дӯст медорад. Дар суҳбат бо журналистон ин ҳунарманди ҷавон ошкоро гуфтааст, ки пулу мол, аз кадом авлод будан ва пушту паноҳ доштан ё надоштан дар ҷодаи ҳунар ягон нақш надорад. Ҳунарманд, агар дар ҳақиқат истеъдод дошта бошад ва аз сидқи дил меҳнат кунад, ба қуллаҳои баландтарин расида, соҳиби ному нон ва шуҳрату сарвату боигарии зиёд мешавад. Бурак ба ҳунари худаш боварии комил дорад ва бо дили пур мегӯяд: Худо хоҳад, ман рӯзе роҳбарии тамоми киноиндустрияи туркро ба даст хоҳам гирифт!
Бурак чиро дӯст медорад?
Бурак Дениз ба варзиш машғул намешавад, вале бисёр ҳаёти фаъолона дорад. Вай саёҳат кардан ва дайвингро дӯст медорад. Бомазахӯрак аст, махсусан гӯшти хуб пухташуда ва пастаро бо иштиҳои том мехӯрад. Ин ҷавони машҳур ба мисли бачаҳои мактабхон соатҳо дар сари компютер нишаста, ба бозиҳои компютерӣ машғул мешавад. Бурак нисбат ба ҳайвоноти хонагӣ бетафовут нест. Вай дар хонааш як гурбаи бисёр зебои сермӯй ва сагчаи хурдакаке дорад, ки ҳар шом омадани ӯро интизорӣ мекашанд.
Машҳур, зебо ва муҷаррад
Бурак Дениз на танҳо дар филмҳои телевизионӣ, балки дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ бисёр машҳуру маҳбуб аст. Дар Инстаграмм шумораи подписчикҳои ин ҳунарпешаи ҷавон ба 1,6 миллион расидааст, дар саҳифаи твиттераш 90, 8 ҳазор мухлис дорад, дар фейсбук бошад, зиёда аз 40 ҳазор нафар ба Бурак Дениз лайк мегузоранд. Вай барои ҳазорон-ҳазор ҷавонон, ки дар ҷодаи синамо худро санҷидан мехоҳанд, ба кумир табдил ёфтааст ва мехоҳанд мисли ӯ шинохтаву муваффақ гарданд.
Бо ин ҳама шуҳрату дороиву зебоӣ Бурак Дениз ҳанӯз муҷаррад аст. Албатта мо гуфтанӣ нестем, ки ин ҷавони муваффақ то ҳанӯз чӣ будани ишқро намедонад. Бурак ба актрисаи фариштарӯй Бюшра Девели ошиқи зор буд ва арӯсашро аз ҷонаш бештар дӯст медошт. Пас аз рӯйи экран баромадани “Любов не понимает слов” овозае пайдо шуд, ки гӯё Бурак бо Ханда Эрчал, ки дар филми мазкур нақши маҳбубаашро мебозад, муносибатҳои ошиқона дорад, аммо Ханда дар суҳбат бо рӯзноманигорон ин ҳангомаҳоро бе асос хонда, гуфт, ки Бурак аллакай арӯс дорад ва ӯро сахт дӯст медорад.
Тамоми мухлисони Бурак интизор буданд, ки ба наздикӣ ҳунарманди дӯстдоштаашон домод мешавад, аммо…
Чаро тӯй вайрон шуд?
Чанде қабл расонаҳо дар бораи он, ки Бурак ва Бюшра аз ҳам ҷудо шудаанд, навиштанд. Сабаби вайрон шудани муносибатҳои ин ду дилдодаро, ки беш аз се сол боз мисли Лайлию Маҷнун лаҳзае аз ҳамдигар ҷудоӣ надоштанд, ҳар кас ба таври худ маънидод мекунад. Худи дилдодагон ба лаб муҳри хомӯшӣ зада, дар ин бора чизе нагӯянд ҳам, гӯё барои тасдиқи овозаҳо аксҳои якҷояашонро аз саҳифаи инстаграмм пок карданд.
Шаҳло Ниёзова
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ