Буюк. Рассоми гулистонӣ дар “Баҳористон” (аудио)

Ӯ аз панҷсолагӣ ба суратгарӣ рӯ оварда, инак 63 соли умрашро сарфи ин касб кардааст. Падараш ҳам номашро бо умеду орзуи зиёд Буюк, яъне Бузург гузоштааст. Воқеан, дар пешаи худ ба ҳамин дараҷа расидааст.

Зодаи шаҳри Гулистон мебошад. Факултаи меъмории Донишкадаи политехникиро хатм кардааст, вале бештар рассомӣ мекунад. Дар нафақа аст. Ин айём ҳам аз суратгарӣ даст накашидааст. Рӯздармиён ба осоишгоҳи «Баҳористон» меояд ва симои касеро тасвир мекунад. Барои ин кор ним соат лозим меояд.

Соли 1979 аз ҳунарманди синамои шӯравӣ Владимир Коренев, офарандаи нақши марказӣ дар филми «Одами дубаҳра» («Человек амфибия») соядаст мегирад. Аммо симои ӯро пас аз гирифтани соядаст тасвир кардааст.

Соли 1993 Фаррух Зокиров, роҳбар ва сарояндаи ансамбли замоне машҳури «Ялла»-ро ҳамсояаш ба маҳфили арӯсии фарзандаш даъват мекунад. Буюк аз фурсат истифода карда, симои ӯро тасвир мекунад ва дар ҳамон ҷо аз худи ин сарояндаи маъруф соядаст мегирад.

— Ҳоло ҳам ман дар пайи сайқали касби худам ҳастам. Қаноат кардан ва ба худ баҳои баланд додан бар зарари эҷодкор аст,- мегӯяд ӯ.

Ба Буюк Қосимов барор мехоҳам.

Ҷумъахон САЙИДАЛӢ, журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *