Буз бо «чеҳраи одамӣ» таваллуд шуду онро ҳамчун Худо парастиш карданд
Дар дунё ҳодисаҳое ба амал меоянд, ки касро ба ҳайрат меоваранд. Ин ҳодиса, ки дар яке аз деҳаҳои мулки Ҳинд ба амал омад, тамоми сайёраро ба ваҷд овард.
Сокинони деҳаи Нимодияи иёлати Роҷистони Ҳинд аз таваллуди бузғолае, ки даҳонаш ба чеҳраи инсон шабоҳат дорад, ба ҳайрат афтодаанд. Ин сарусадоҳо мардумро водор ба он намуд, ки гирди хонаи соҳиби бузғоларо ба хотири дидани ин муъҷиза печонанд.
Бузғолаи мутант чанд рӯз пеш таваллуд шудааст. Соҳиби он Мукешҷӣ Прайапап гуфт, ки дар бузғолаи навзод ҳарду чашм ба таври равшан намоёнанд. Ва он як шакли хосаеро дорад. Гарчанде бузғола ҳарфе ба забон намеоварад, баъзе сокинони деҳа аллакай ба парастиши бузғола ҳамчун Худои муқаддас шуруъ кардаанд.
Чунин ҳаводис нав нестанд. Онҳо метавонанд, ки ба идроку рафтори мардум таъсир бирасонанд. Ҳиндуҳо ба ҳайвонҳои гирифтори бемориҳои нодир аксар вақт диққати хоса равон мекунанд ва онҳо ба реинкарнатсия (гузаштани руҳи инсони фавтида ба ҷисми дигар) бовар доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ