Бузак, намур, баҳор меояд!
Наздик ба ду сол мешавад, ки сокинони маҳаллаи Соҳибкорони шаҳри Душанбе (қаблан ноҳияи Рӯдакӣ) аз сабаби таъмири қубурҳои обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Душанбе бе роҳ мондаанд. Корҳои таъмиру тармим мисли он ки гӯшти уштур хӯрда бошанд, ба анҷом намерасанд ва сокинон ҳамоно саргардонанд.
Сокинони ин минтақа танҳо як роҳи маҳаллӣ доранд: аз кӯчаи Яккатут ба кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва аз маҳаллаи Гулобод ба хиёбони Айнӣ. Ин ягона роҳе аст, ки сокинони маҳаллаҳои зиёди собиқ ҷамоатҳои Гулистону “Россия”-и ноҳияи Рӯдакиро ба марказ мепайвандад.
Моҳи ноябри соли 2020 дар роҳи маҳаллаи Соҳибкорон ба сохтмони лоиҳаи “Беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе” оғоз карда шуд, ки мушкилоти ҷойдоштаро дучанд кард. Пас аз оғози сохтмон ронандагон маҷбур шуданд, ки самти ҳаракати худро тағйир диҳанд. Акнун мошинҳо тавассути кӯчаҳои ҳамшафат сафар мекунанд, ки боиси ба вуҷуд омадани чандин мушкилоти дигар гардидааст.
Барно Зокирова, сокини маҳаллаи Соҳибкорон дар суҳбат ба мо гуфт: “Наздик ба ду сол аст, ки мо азоб мекашем. Роҳ вайрон аст. Вале коргарон як рӯз кор мекунанд, чанд рӯзи дигар нестанд. Парвое надоранд. Роҳҳои танги кӯчаҳои мо ҳам вайрон шуданду чандин қубурҳои обгузар сӯроху корношоям шуданд. Ба кӯдаконамон мушкил, ки сари вақт ба мактабашон расида наметавонанд”.
Мо дар ҷойи ҳодиса шоҳиди мушкили ронандагон низ шудем. Сафар Ҷоматов — ронандаи хатсайри №39 (ягона хатсайри ин минтақа) дар суҳбат бо мо аз мушкилиҳо гуфт: “Аз сабаби вайронии роҳ дар 4 моҳ як маротиба чархҳои мошинро бо маблағи 4000 сомонӣ иваз мекунам. Ба ғайр аз ин чандин таҷҳизоти техникии дигарро ҳар сари чанд вақт иваз кардан лозим аст. Мо — ронандагони хатсайри №39 якҷо маблағ ҷамъ карда, аз ҳисоби худамон ҷо-ҷои роҳро тармим мекунем, то ки худамон мушкилӣ накашем”.
Мувофиқи овезае дар маҳали сохтмони лоиҳаи “Беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе” ин лоиҳа бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Осиёии Рушд, МИҲД-и шаҳри Душанбе бояд амалӣ карда шавад. Фармоишгари ин иншоот КВД “Обу корези Душанбе” ва мушовири байналхалқӣ ширкати австралиягии “СМЕК интернешнл ПТИ Лимитид” мебошад.
Барои ин лоиҳа беш аз 9 млн долари ИМА ҷудо гардидааст ва бояд сохтмонро то моҳи ноябри соли равон пурра ба итмом расонанд. Вале аз суръати кори коргарони лоиҳа фақат мақоли зерин ба ёд меояд:
Бузак, бузак, намур, баҳор меояд…
Идибеки САИД
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ