лимит

Бузак, намур, барқ баҳор меояд…

Сокинони маҳаллаи Чорсуи ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров наздики ду моҳ мешавад, ки давоми рӯз аз бебарқӣ азият мекашанд. Ҳол он ки, масъулин ваъда карда буданд, ки аз 1-уми декабр мушкили барқ бартараф мешавад, вале ин ваъда мақоли “бузак, намур, баҳор меояд…”-ро ба ёд меорад.

Маҳбуба Ҳакимоваи 50-сола дар маҳаллаи Чорсу ҳамроҳи келину ду набераи хурдсолаш зиндагӣ мекунад. Ин зан мегӯяд, ки давоми рӯз аз соати 8-и субҳ то 17-и бегоҳ тамоман аз барқ маҳруманд. Бар замми ин, шабона низ аз соати 22:00 то 1-и шаб барқро хомӯш мекунанд. Холаи Маҳбуба аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки хонаашро дар фасли сармо пурра тавассути таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ гарм мекунад. Зеро истифодаи дигар воситаҳои гармӣ, ба монанди ангишту ҳезум, ба саломатиаш зарар дорад. Ҳоло бо ҷорӣ намудани маҳдудият маҷбур рӯзона то бегоҳ бебарқ мешинад.

“Давоми рӯз умуман барқ нест. Хунук хӯрда мешинем, дигар чӣ илоҷ… Набераҳо чанд бор аллакай бемор шуданд, табобат кардем. Ангишт истифода бурда наметавонам, дуди он ба саломатиям зарар мекунад. Ҳезумро барои пухтани хӯрок истифода мебарем”,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ин зан мегӯяд, ки борҳо ба масъулони шабакаҳои барқи ноҳия муроҷиат кардааст, вале бенатиҷа.

Мушкилоти сокинон аз бебарқӣ танҳо дар маҳаллаи Чорсу набуда, балки дар дигар маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ҷой дорад. Мувофиқи эълони масъулони шабакаҳои барқи ноҳия, бояд аз 1-уми декабр сокинон пурра бо барқ таъмин мешуданд. Ҳоло моҳи декабр ҳам ба охир расидаву 10 рӯзи моҳи январ ҳам сипарӣ шуд, вале ҳанӯз мардум давоми 24 соат танҳо 11 соат бо барқ таъмин ҳастанду халос. Аз ин ҳолат аллакай аксарият ба печҳои худсохти дудбаро рӯй овардаанд.

Қаблан дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шабона барқ хомӯш намешуд, аҳёнан рӯзона барқ қатъ мегардид, вале имсол кор тамоман ранги дигар гирифт. Сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров умедворанд, ки масъулин ба ваъдаи худ вафо мекунанд ва мушкили барқ бартараф мешавад. 

Фарзона ШАМСИЕВА,

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *