Бузургтарин хатар дар ҷаҳон ин…
Антонио Гутерриш, Котиби генералии СММ рӯзи душанбеи 3-декабр дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид барои муқобила бо тағйироти иқлимӣ дар Лаҳистон, аз раҳбарони ҷаҳон хост, ки масъалаи гарм шудани курраи заминро ҷиддӣ бигиранд ва дар ин замина чораҷӯӣ кунанд.
Тибқи гузоришҳо, дабири куллии СММ гуфт, «тағйироти обу ҳаво муҳимтарин масъалае аст, ки мо бо он рӯбарӯ ҳастем.«Вай дар идома гуфтааст, «бо вуҷуди инки, шоҳиди таъсироти вайронкунандаи тағйироти обу ҳаво ҳастем, ки боиси ҳараҷ ва мараҷ дар саросар шудааст, аммо ба андозаи кофӣ кор намекунем ва ба андозаи кофӣ зуд ҳаракат намекунем, то монеи рух додани тағйироти фоҷеабор шавем.»Конфронси Созмони Милали Муттаҳид барои мубориза бо тағйироти иқлимӣ, ки ду ҳафта тӯл хоҳад кашид, рӯзи душанбеи 3-юми декабр ва бо ширкати даҳҳо тан аз раҳбарони ҷаҳон дар шаҳри Катовисеи Лаҳистон оғоз шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ