Бузургтарин корхонаҳои ҷаҳон ба маъдани Тоҷикистон эҳтиёҷ доранд
Дар Тоҷикистон ҳоло ҳамагӣ 5% иқтидори гидроэнергетикӣ истифода бурда мешавад. 95% -и иқтидор дар интизори сармоягузор аст.
Дар ин бора муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода зимни ифтитоҳи нахустин форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургия дар шаҳри Душанбе иброз дошт.
Ӯ гуфт, ки “муҳим он аст, ки имконияти мавҷударо барои баланд бардоштани некӯаҳволии инсон, рушди иқтисодӣ ва устуворӣ истифода барем. Дар ин замина лоиҳаҳои дорои хусусияти минтақавӣ ва самти инноватсионӣ аҳамияти хосса пайдо менамоянд”.
Ӯ иҳори боварӣ намуд, ки форуми мазкур ба пайдо кардани роҳҳои ҳалли ин мушкилот ва таҳкими ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва кишварҳои Халиҷ мусоидат менамояд. “Тоҷикистон дорои захираҳои бойи табиӣ, махсусан захираҳои энергетикии «сабз» ва захираҳои маъданӣ аст, ки барои иқтисоди «сабз» зарур мебошанд. Тоҷикистон то соли 2037 истеҳсоли неруи таҷдидшавандаро то 98% афзоиш хоҳад дод. Мо ният дорем, ки Точикистонро ба мамлакати сабзу хуррам табдил диҳем. Зимнан, Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт дар Тоҷикистон намунаи барҷастаи тарҳи бисёрҷониба буда, сохтмонаш тибқи талабот ва меъёрҳои байналмилалӣ амалӣ мешавад. Бояд гуфт, ки мо ҳоло ҳамагӣ 5% иқтидори гидроэнергетикиамонро истифода бурда истодаем ва 95% ин иқтидор дар интизори сармоягузорӣ қарор дорад»,-изҳор дошт Ҳоким Холиқзода.
Муовини якуми Сарвазири кишвар ба иштирокчиёни форум гуфт, ки бузургтарин корхонаҳои саноатии ҷаҳон ба маъданҳои Тоҷикистон ниёз доранд. Бо назардошти захираҳои ғании маъдан мамлакат метавонад дар ин самт шарики калидӣ гардад.
Дар Тоҷикистон беш аз 800 кони маъданҳои фоиданок, металлҳои нодир ва қиматбаҳо, аз ҷумла мис, нуқра, тилло, сурб, литий, сурма, никел, волфрам ва ғайра кашф шудаанд, ки аксари онҳо аллакай қисман азхуд карда шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ