Бузургтарин маҷмааи варзишӣ дар Душанбе ифтитоҳ ёфт

Дар шаҳри Душанбе Маҷмааи варзишию фароғатии сатҳи байналмилалӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дар ифтитоҳи расмии ин маҷмаа имрӯз, 13 сентябр  Президенти  мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  иштирок карданд.

Маҷмааи мазкур дар ноҳияи Синои пойтахт  сохта шуда,  аз толори муҳташами варзишии “ЮФСИ ҶИМ” (UFC Gym) ва Академияи футболи “Ювентус” иборат аст.

Маҷмааи варзишию фароғатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ – раиси Шӯрои гурӯҳи ширкатҳои “55 Групп” Даврон Ҷӯраев ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа бо харҷи зиёда аз 30 миллион сомонӣ бунёд гардидаааст. Он аз лиҳози имконият ва шароити мусоиди машқу тамрин дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ назир надорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *