Cадамаи “Дулан” дар Айнӣ. Як сокини Басманда дар беморхона бистарӣ шуд
21-уми августи соли 2023 кормандони Раёсати махсусгардонидашудаи ҷустуҷӯӣ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди роҳандозии амалиёти ҷустуҷӯӣ ҷасади сокини 11-солаи деҳаи Ҷангалобод-3-и шаҳри Ваҳдат ва сокини 53-солаи деҳаи Хӯҷа Панҷи ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷекентро пайдо карда, ба пайвандонашон супоридаанд.
Дар ҳамин иртибот Кумита ба хешу табор ва волидони ҳалокшудагон изҳои ҳамдардӣ карда, аз сокинони кишвар хоҳиш намудааст, ки фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.
Бино ба иттилои КҲФ, амалиёти дигари наҷот рӯзи 21-уми август дар пойтахти кишвар соати 14:47 дақиқа сурат гирифтааст. Ба Қисми навбатдории Кумита хабар расидааст, ки дар кӯчаи Муҳаммадиев 22 як дарахти калон дар ҳоли садамавӣ қарор дошта, метавонад ҳар лаҳза афтад ва трансформатори канорашро хароб кунад, ки ин боиси бе нерӯи барқ мондани сокинон ҳам мешавад.
Дастаи имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расида, бо ёрии таҷҳизоти махсус дарахтро бурида ва хатарро рафъ намудаанд.
Инчунин, 21-уми августи соли 2023 соати 18:38 сокини кӯчаи Неъмат Қарабоев 63/2 Грическая Вера ба Қисми навбатдорӣ хабар додааст, ки дар таҳхонаи ин бино як гурба дармондааст. Ба ҷойи ҳодиса гурӯҳи имдодгарон эъзом шуда, маълум гардидааст, ки гурба дар симҳои байни қубурҳо руст мондаву имкони раҳоӣ наёфтааст.
Наҷотдиҳандагон вориди таҳхона шуда, гурбаро беосеб аз банд раҳо кардаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, дирӯз, 22-юми августи соли 2023 тахминан соати 03:40 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 145,5-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, ки аз қаламрави деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ мегузарад, як мошини тамғаи “Дулан”, ки аз самти Хуҷанд ба Душанбе дар ҳоли ҳаракат буда, аз ҷониби як сокини 25-солаи деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич идора мешудааст, ба ҷӯй сарозер гардидааст. Сабаби ин ҳодиса он будааст, ки ронанда аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст.
Дар натиҷаи роҳандозии корҳои наҷот аз ҷониби имдодгарони КҲФ дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Зарафшон ронанда аз дохили мошин берун кашида шудааст. Азбаски ронанда ҷароҳат бардошта будааст, ӯро дар бемористони ноҳиявӣ бистарӣ кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ