Cадамаи маргбор дар Суғд. Ронандаи 46 сола ба ҳалокат расид  

Ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», Туракелдиев Дилшод, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти ноҳияи Ашт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Лабо”, таҳти идораи Бойназаров Шуҳрат, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, бархӯрмехурад. Дар ин бора сомонаи расмии ВКД кишвар хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ ҳодиса се рӯз пеш санаи 19уми декабр рух додааст. Дар натиҷа ба ҳардуи автомашинаҳо осебҳои техникӣ расида, ронандаи автомашинаи “ДЭУ-Лабо” Бойназаров Шӯҳрат ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Як мусофири автомашинаи мазкур, ноболиғ Бобоев Ойбек, соли таваллудаш 2007, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла» ва мусофир Саломова Зиёда, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ашт, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯйи ин ҳодиса парванда боз шуда, ҳоло таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *