Cафари бобарори Рустами Эмомалӣ ба Чин
Рӯзҳои 21-23-юми августи соли равон раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо як сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дошт.
Нишони эҳтиром
Нахуст раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, маданият ва фарзандони қаҳрамони кишвари Чин дар назди Ёдгории қаҳрамонони халқӣ гулчанбар гузошт. Бино ба иттилои расмӣ, дар маросими гулчанбаргузорӣ раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро муовини раиси Комиссияи Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.
Душанбе боз соҳиби 4 эстакадаи нав
Ҳамин тавр, дар ҷараёни сафари раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Чин вохӯриҳои ҷонибҳои расмӣ сурат гирифт. Санадҳое низ ба имзо расиданд, ки ба густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо нигаронида шудаанд.
Рӯзи 21-уми август дар ҷараёни вохӯрии Рустами Эмомалӣ бо раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии ин кишвар Чжао Лэтсзи масоили ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд.
Пас аз анҷоми музокироти ҳайатҳо маросими имзои як қатор санадҳои муҳими ҳамкорӣ баргузор шуд. Аз ҷумла, аз ҷониби вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини Раиси Агентӣ оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии Чин Дэн Бо Чин номаи табодулӣ оид ба ҷудо намудани кумаки молиявии Чин дар ҳаҷми 2 млн доллар имзо шуд. Ин маблағ барои сохтмони толори маҷлисгоҳ дар маҷмааи Ҳукумати Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, номаи табодулӣ оид ба таҳқиқи қаблии техникии лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» (Smart city)-и шаҳри Душанбе, сохтмону азнавсозии роҳ ва 4 эстакадаҳои нав дар пойтахт, таъмиру азнавсозии гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Чин «Кулма-Қаросу», азнавсозӣ ва сохтмони қитъаи роҳ аз деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнони ВМКБ то гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Чин «Кулма-Қаросу» ба имзо расид.
Мулоқот бо Хан Чжэн
Зимни дидору гуфтушуниди раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ноиби раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Хан Чжэн вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, инчунин масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардидааст. Таъкид шудааст, ки муносибат бо Чин аз афзалияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад ва Чин барои Тоҷикистон шарики боэътимоди стратегӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Зикр гардидааст, ки Тоҷикистон ташаббуси стратегии Чин «Як камарбанд, як роҳ»-ро пуштибонӣ карда, дар доираи он ба густариши ҳамкории судманд, ки ба манфиатҳои аслии ду кишвар ва мардуми бо ҳам дӯсти онҳо равона гардидааст, назари нек дорад.
Нақлиёти ройгон
Аз ҷониби сафири Тоҷикистон дар Чин Зоҳир Саидзода ва муовини вазири савдои Чин Лэн Ҷи бошад, санади супоридан ва қабули воситаҳои нақлиёти коммуналию сохтмонӣ пешниҳод шудааст. Воситаҳои нақлиёт ба таври ройгон, ҳамчун кумак аз ҷониби ҳукумати ин кишвар ба Ҳукумати Тоҷикистон дода мешаванд.
Боздид аз маркази “Шаҳри ҳушманд”
Инчунин, Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Хайдиени шаҳри Пекин аз Маркази намоишиву санҷишии «Шаҳри ҳушманд» боздид намудааст.
Дар вохӯрии Рустами Эмомалӣ бо раиси шаҳри Пекин Ин Юн байни Душанбе ва Пекин Ёддошти тафоҳум оид ба дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Нимпайкараи Рӯдакӣ дар Чин
22-юми август раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин ташриф овард.
Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин яке аз қадимтарин ва бонуфузтарин муассисаҳои таълимии Чин ба шумор меравад.
Дар ҳамин донишгоҳ раиси шаҳри Душанбе зимни маросими ифтитоҳи нимпайкараи сардафтари адабиёти классики форсии тоҷик, Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ иштирок намуд. Зимни суханронии худ Рустами Эмомалӣ зикр намуд, ки пас аз ҳазорсолаҳо низ ашъори Рӯдакӣ одамонро ба таҳкими дӯстии байни халқҳо ва тавсеаи муколамаи байни тамаддунҳо даъват менамояд.
Гуфта мешавад, ки лоиҳаи нимпайкара аз ҷониби ҳайкалтароши маъруф Юан Сикун омода карда шудааст. Дар поясанги нимпайкара бо забонҳои тоҷикӣ, чинӣ ва англисӣ сатрҳои зерини бегазанд аз ашъори устод сабт шудааст:
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд дар роҳи дониш бениёз.
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ