CASA-1000. Тоҷикистон аз он чӣ манфиат мебинад?

CASA-1000 лоиҳаи муштарак аст ва ба он 4 кишвар — Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон шомиланд. Ҳоло иҷроиши ин лоиҳа дар кадом поя қарор дорад? Тоҷикистон аз CASA-1000 чӣ фоида мебинад? Хабарнигори “Тоҷикистон” зимни боздид аз мавзеи сохтмони хати асосии интиқоли барқ дар мавзеи “Сангтӯда-1” ва суҳбат бо мутахассисон ба ин ва чанд суоли дигар посух пайдо кард.

Саҳми Тоҷикистон дар CASA-1000

Ҳанӯз асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи CASA-1000 соли 2009 анҷом дода шуда, баъдан соли 2011 аз нуқтаи назари тиҷоратӣ тасдиқ гардида буд. Маблағи умумии лоиҳаи CASA-1000 як миллиард доллар арзёбӣ гардидааст. Барои иҷрои ин тарҳ Тоҷикистон 320 миллион доллар сармоя ҷалб кард. Ҳамин тариқ, сармояҳои Қирғизистон 209 миллион, Афғонистон 354 миллион ва Покистон 209 миллион долларро ташкил медиҳанд. Дар назар аст, ки дар марҳилаи аввал хати баландшиддати 500-киловаттаи интиқоли нерӯи барқ аз Даткаи Қирғизистон ба Хуҷанди Тоҷикистон бо дарозии 477 километр бунёд шуда, сипас сохтмони хати баландшиддат аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва аз он ҷо  ба Покистон бо дарозии 750 километр оғоз шавад. Ба андешаи таҳлилгарони масоили энергетикӣ, ин тарҳ норасоии нерӯи барқро коҳиш дода, дар ташаккули бозори энергетикӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратии кишварҳои шарик, таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо дарназардошти як қатор манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ ҳиссагузор хоҳад буд.

Барқро кӣ мефурӯшад?

Ин тарҳ барои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бобати содироти нерӯи барқи изофагӣ дар фасли тобистон ва ба даст овардани даромади воқеӣ имкон фароҳам меорад. Инчунин, барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва иқтисодиёти Афғонистон ва Покистон бо нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза хидмат хоҳад кард.

Фурӯшандагони нерӯи барқ — Тоҷикистон ва Қирғизистон дар моҳҳои май — сентябр то 5 миллиард киловатт соат, аз ҷумла 3 миллиард киловатт соат Тоҷикистон ба харидорон — Афғонистон ва Покистон таҳвил хоҳад кард. Лоиҳаи мазкур барои табодули тақрибан 1000-1300 МВт нерӯи барқ дар минтақа имкон хоҳад дод.

Бино ба андешаи коршиносони масоили энергетикӣ, дар фасли тобистон Тоҷикистон ва Қирғизистон нерўи барқи бештар истеҳсол менамоянд, аммо бозори фурўш надоранд. Аз ин лиҳоз, тарҳи номбурда даромади калонро барои кишварҳои содироти барқ фароҳам меорад. Хати интиқоли барқ аз тарафи Қирғизистон то Хуҷанд 477 км-ро ташкил медиҳад. Яъне, дар Хуҷанд ба системаи ягонаи барқи Тоҷикистон пайваст мешавад. Нерўи барқе, ки ба Покистон интиқол меёбад, аз Сангтўда ба Кобул ва Пешовари Покистон бурда мешавад. Аз нерўи барқи интиқолшаванда 300 Мвт-и он дар Кобул истифода хоҳад шуд. Ҳарчанд намояндагони расмии Покистон борҳо гуфтаанд, ки тарҳи мазкур мушкилиҳои зиёде дорад, вале камбуди барқ ин кишварро водор менамояд, ба ҳар қиммате набошад, ин тарҳро амалӣ созад.

Таври маълум, аз соли 2014 инҷониб бунёди тарҳ оғоз гардида буд. Он вақт гуфта мешуд, ки давоми 2-3 сол ба итмом мерасад, аммо бинобар авзои номусоиди минтақа кори ин тарҳ кашол ёфт. Вале ҷониби Тоҷикистон итминон медиҳад, ки соли оянда уҳдадориашро пурра ба анҷом мерасонад. Зеро корҳо дар истгоҳи интиқоли барқ хуб ҷараён доранд.

Самиев: Исгоҳи конвертарӣ талафоти барқро кам мекунад

Тавре дар суҳбат Файзалӣ Самиев, роҳбари лоиҳаи CASA-1000 дар Тоҷикистон гуфт, “CASA-1000 муҳимтарин лоиҳаи стратегӣ барои Тоҷикистон ва минтақа ба ҳисоб меравад. Ҳадаф аз тадбиқи он, пеш аз ҳама, ташкили бозори савдои нерӯи барқ аст. Яъне, мо имкон пайдо менамоем, ки истеҳсоли барқи изофавиро махсусан дар фасли тобистон ба Покистон фурӯшем. Айни замон дар доираи лоиҳа сохтани хатҳои интиқоли 500 киловолт идома дошта, он аз чанд қисмат иборат аст. Якум, хати интиқоли 500-киловолтаи ҷараёни тағйирёбанда мебошад. Он аз сарҳади Қирғизистон то зеристгоҳи Суғд 500 аст. Дуюм, хати интиқоли 500 киловолт аз зеритсгоҳи Регар мебошад. Сеюм, хати интиқоли 500 киловолти ҷараёни тағйирёбанда аз истогоҳи конвертарӣ то сарҳади Афғонистон. Инчунин, 220 киловолт аз НБО-и “Сангтӯда-1” то истгоҳи конвертарӣ ва як хати интиқоли барқи дигар 66 киловолт аз истгоҳи конвертарӣ то истгоҳи электродиҳӣ. Ҳамаи ин корҳо қариб ба анҷом расида истодаанд”.

Тавре мушоҳида гардид, истгоҳи конвертарӣ бо иқтидори 1300 мегават дар мавзеи  замини ноҳияи Кӯшониён сохта шуда истодааст. Ин истгоҳи конвертарӣ бори аввал дар Тоҷикистон бунёд меёбад.

Истгоҳи конвертарӣ ҷараёни тағйирёбандаи табдилдиҳанда аст ва ба системаи энергетикии кишвар пайванд мешавад. Яъне, барқ дар истгоҳи конвертарӣ ба ҷараёни доимӣ табдил ёфта, сипас ба Покистон интиқол меёбад.

Файзалӣ Самиев дар шарҳи лоиҳаи CASA-1000 иброз дошт, ки ҳадафи истгоҳи конвертарӣ кам кардани талафоти қувваи барқ мебошад: “Дарозии хати барқ аз истгоҳи конвертарӣ то Покистон, агар бо ҷараёни тағирёбандаи барқ месохтем, талафот 7-10 фоиз мешуд. Аммо ҷараёни тағйирёбанда ҳамагӣ ба 1-1,5 фоиз мерасад. Яъне, талафот кам мешавад”.

Акнун ҷониби Тоҷикистон уҳдадориашро дар лоиҳаи CASA-1000 соли оянда ба анҷом мерасонад. Вале маълум нест, ки кишварҳои шарик, вобаста ба авзои минтақа, махсусан нооромиҳо дар Афғонистон ин лоиҳаро кай ба охир мерасонанд.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *