Чӣ гуна як зани тоҷик нозири барқ шуд?
Оё шумо дидаед ё шунидаед, ки зани тоҷик нозири барқ ҳам шуда кор мекунад? Ман дар деҳот дидам, ки як бонуи ҷавони тоҷик бо вуҷуди бори вазнини зиндагӣ ва тарбияи фарзандони хурдсолаш, хона ба хона гашта, ҳақи истифодаи барқи аҳолиро ҳисоб мекунад…
Рӯзҳои истироҳат дар зодгоҳ будам. Диққатамро бонуи ҷавоне ҷалб кард. Ӯ дар ҳавлӣ, назди ҳисобкунак истода, ҳақи истифодаи барқро ҳисоб мекард (ҳоло дар деҳоти Панҷакент низоми биллингӣ ҷорӣ нашудааст). Бароям хеле аҷиб намуд. Бори аввал медидам, ки зани тоҷик нозири барқ ҳам ҳаст. Ба худ суол мекардам, ки чӣ гуна ин зан дар шароити деҳот ва боҷуръатона касби нозири барқро интихоб намудааст? Чунки дар суннати мардуми мо асосан касбҳои муҳандисию энергетикӣ ва меъмориро бештар мардон ба дӯш мегиранд. Занҳо бештар ба касбҳои омӯзгорӣ, ҳуқуқшиносӣ ва дигар самтҳо майлу рағбат доранд. Пас аз анҷоми ҳисоби барқ бо ин зан ҳамсуҳбат шудам.
— Ман Заррина Ҳакимова, зодаи деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент мебошам. Қариб як сол шуд, ки дар ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ нозири барқ шуда кор мекунам. Ман ҳамагӣ чанд деҳаи ин ҷамоатро гаштугузор карда, пули барқи аҳолиро ҳисоб мекунам. Қаблан пулро аз аҳолӣ нақд мегирифтам. Ҳоло пардохт ғайринақдӣ шудааст. Мардум худашон бо корти бонкӣ месупоранд,- иброз дошт дар оғози суҳбат номбурда.
— Заррина, чӣ гуна ин касбро интихоб кардед? Дар шароити деҳот хона ба хона гаштану ҷамъоварии пули барқ мушкил нест?
— Не, баръакс, аҳолӣ аллакай маро мешиносанд. Ман Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакентро дар риштаи менеҷмент хатм кардам. Баъдан, курси омӯзишии электрикиро гузашта, соҳиби гувоҳнома шудам.
— Муҳити оила ба ин кор халал намерасонад?,- мепурсам аз ӯ.
— Ман аз Некнот ба деҳаи Зери Ҳисор келин шуда омадаам. Соҳиби ду фарзанд мебошам. Вале шавҳарам дар Русия ба ҳалокат расид. Бори зиндагиро худ пеш мебарам,- нақл мекунад Заррина.
Заррина барои ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ нақша дорад. Ӯ дар як моҳ бояд нам камтар аз 30 000 сомонӣ аз аҳолӣ пули барқро ҷамъоварӣ намояд.
Маҳорати иваз ё насби ҳисобкунаки барқиро низ дорад. Боз ҳамроҳи худ барои занҳо лавозимоти зарурӣ гирифта мегардад. Агар ба касе лозим шавад, мехаранд. Яъне, ӯ меҳнати ҳалол мекунад ва бо луқмаи ҳалол бори зиндагии худро пеш мебарад. Аҳолӣ низ бо ӯ хеле меҳрубонанд. Махсусан, занҳои деҳот чизҳояшро мехаранд. Ин аст матонати як зани тоҷик ва дӯстдори касби хеш, ки дар деҳот ба сифати нозири барқ кор мекунад.
Усмон РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ