Чӣ, магар, ДИИШ ба Толибон мепайвандад?!
Террористҳои ДИИШ* низ ба Афғонистон роҳ ёфтанд, изҳор дошт раҳбари Вазорати мудофиаи Русия Сергей Шойгу зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар Душанбе.
Ба гуфтаи ӯ, артиши Русия ҳаракати фаъоли ҷангҷӯёни ДИИШ* ба қаламрави Афғонистонро мушоҳида мекунад. Террористон ба ҷумҳурӣ аз кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Сурия ва Либия меоянд.
«Мо мебинем, ки воҳидҳои ДИИШ* то чӣ андоза фаъолона ҳаракат мекунанд ва аз минтақаҳои гуногун, аз ҷумла аз Сурия, Либия ба он ҷо ҳаракат мекунанд. Гузашта аз ин, дар баъзе қисматҳо мо чунин як ташкилоти хеле ҷиддии ин ҳаракатҳоро мушоҳида мекунем», — гуфт Шойгу.
Вазир изҳори умедворӣ кард, ки ҷангҳо дар Афғонистон хотима ёфта, мусолиҳаи байни миллатҳо барқарор хоҳад шуд.
Имрӯз Русия ва Тоҷикистон ба кори муштарак барои безарар кардани таҳдидҳо аз қаламрави Афғонистон шурӯъ кардаанд, иброз дошт ӯ.
Яке аз қадамҳои аввал силсилаи машқҳои муштарак мебошанд, ки Ӯзбекистон ҳам ба он ҳамроҳ шуд.
Тамринҳо аз 5 то 10 август дар размоишгоҳи Ҳарб-Майдон, дар масофаи 20 километр аз марз бо Афғонистон баргузор мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ