Чӣ тавр Алишер Султонов дар як сол муваффақ шуд?

Ҳаҷвнигорӣ аз ҷумлаи ҳунарҳоест, ки бояд ҳадди ақал чанд фисад Офаридгор дар замири шахс ҷой кунад ва баъд ӯ онро кашф карда, тақвият диҳад. Агарчи дар кишвари мо, хусусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле зиёданд ба ном ҳаҷвнигорону таҳиякунандагони саҳнаҳои ҳаҷвӣ, вале дар симову кори аксарашон рӯҳи ҳаҷв дида намешавад. Алишер Султонов, ҳаҷвнигор ва блогери ҷавонест, ки дар наворҳояш ҳамон рӯҳу муҳимияти ҳаҷв дида шуда, ҳатто пеш аз суханрониаш ҳам мухотаб хушҳол мешаваду механдад. Ин доди Худост ва ӯ хеле хуб дар Алишер тақвият ёфта истодааст.

Моҳи феврали соли 2023 ин ҷавон аз сифр кори блогериро оғоз кард ва дар ин муддат то андозае маъруфу шинохта шуд, ки ҳатто худаш ҳам бовар надорад. Ӯро ҳоло дар Инстаграм зиёда аз 50 ҳазор нафар пайгирӣ карда, наворҳояшро садҳо ҳазор кас тамошо мекунанд. Дар ин росто, мо бо Алишер доир ба махсусиятҳои кори блогерӣ ва ҳаҷвнигорӣ суҳбат кардем.

— Бо вуҷуди хеле машҳур буданатон, шумо ҳоло дар соҳаи блоггинг навроҳу навкор ҳастед, бигӯед, ки фаъолияти блогериро аз кай ва чӣ гуна оғоз кардед?

— Расо як сол мешавад, ки саҳифаамро дар Инстаграм фаъол кардаам ва барои ҳаводорони ҳаҷву ханда саҳначаҳои ҳаҷвӣ таҳия мекунам.

— Бо роҳнамоии кӣ блогер шудед?

— Бо роҳбаладӣ ва дастгирии ҳавҷнигори хушзавқ Фаррух Сангинов ин корро оғоз кардам ва ба он кас ҳазорҳо сипос мегӯям.

Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархеҳо барои машҳур шудан саҳифаҳояшонро фаъол мекунанд, бигӯед, ки шумо чӣ сабабу мақсад доштед?

— Дар саҳна будан, нақш бозидан, мардумро шод кардан ва ғайраҳо аз давраи кӯдакӣ дар вуҷуди ман ҳаст. Яъне, ман ҳанӯз замони дар мактаби миёна таҳсил карданам дар маҳфили ҳозирҷавобон (КВН) иштирок мекардам. Ин ҳама шавқу шӯр боло гирифту ба Инстаграм рӯ овардам.

— Инстаграм ҷойи хуб аст?

— Барои тарғиби ҳунар майдони имкониятҳост, аммо онро чӣ гуна ва бар нафъи кӣ истифода бурдан аз ҳар шахс вобаста аст.

— Ба блогер шудани шумо аҳли оилаатон чӣ гуна назар доранд?

— Азбаски соҳаи блоггинг дар Тоҷикистон хеле ҷавон аст, хоҳ нохоҳ аксари волидон ба блогер шудани фарзандашон назари хуш надоранд. Дар аввал падару модари ман ҳам зид буданд, вале то қадри имкон онҳоро бовар кунонидам, ки аз блогерӣ ҳам ба худ ва ҳам ба мардум нафъам мерасад. Ҳоло онҳо розиянд ва кори ман ҳам хуб аст.

— Бо фоидае, ки аз блогерӣ меёбед, зиндагиро пеш бурдан мумкин аст?

— Ҳоло даромад аз блогерӣ ҳар хел аст. Рӯзе ҳаст, рӯзи дигар нест. Албатта, ин гузаранда аст, ҳар нафаре меҳнат кунаду таслим нашавад, ҳатман муваффақ мегардад. Саросема нестам, медонам, ки яку якбора ба ошёнаи панҷум баромадан имкон надорад.

— Боварӣ доштед, ки дар муддати кӯтоҳ то ин ҳад машҳур мешавед?

— Агар бовар намедоштам, ба ин кор машғул намешудам. Фаъолияти блогерӣ асосан барои машҳур шудан аст, шинохта, ки шудӣ, баъд метавонӣ ба дигарон кумак кунӣ, зиндагиро беҳтар созӣ ва ғайраҳо. Барои пешбарии саҳифаам дар Инстаграм Азам Даминов ба ман нақшае таҳия карданд ва бо роҳнамоии он кас ба ин рӯзҳо расидам. Ногуфта намонад, ки дар кори блогерӣ якум бояд шикастнопазир бошию дуюм ангезаи калон дошта бошӣ. Шикастнопазир барои он ки хосияти шабакаҳои иҷтимоӣ инро талаб мекунад. Барои мисол, навори тарбиявӣ нашр намоӣ ҳам, одамоне пайдо мешаванд, ки зери он дашному суханҳои қабеҳ менависанд. Доштани ангеза барои он муҳим аст, ки агар ба чизе расидан нахоҳӣ, роҳ бисёр кутоҳ ва бемазмун менамояд. Бояд дар ин соҳа мақсадҳои калон гузошт.

Паҳлуҳои мусбат ва манфии блогериро номбар карда метавонед?

— Ҷиҳати мусбат ин аст, ки мардум мешиносанд, ҳурмат мекунанд. Ҷиҳати манфӣ бошад, ба бархеҳо маҳсули эҷодамон писанд намеояд ва бархурди нодурусту зишт мекунанд.

— Аз миёни блогерон киро рақиб мешуморед?

— Ҳеҷ касро, зеро ҳунари ҳар кас гуногун аст ва ин вобаста ба худи блогер аст, ки онро чӣ гуна истифода мекунад.

Ба андешаи шумо ҳоло дар кишварамон блоггинг дар кадом сатҳ қарор дорад?

— На он қадар хуб аст. Барои беҳтар шудани сатҳу сифат ба мо вақт лозим аст, то ки зиёдтар омӯзему худамон эҷод намоем. Аз нусхабардорӣ даст кашему барои хушҳолӣ ва роҳнамоии мардум кор кунем.

Шумо дар саҳифаатон асосан «вайн» (саҳнаҳои хурди ҳаҷвӣ) нашр мекунед. Сенарияҳоро худатон менависед?

— Матни саҳнаҳои ҳаҷвии маро дӯсти давраи донишҷӯиям Ҷонибек Дадоҷонов менависанд.

Тахминан дар як саҳначаи ҳаҷвӣ чанд сомонӣ сарф мекунед?

— Сарфу харҷ аз мазмуни саҳнача вобаста аст. Дар яке зиёдтар, дар дигаре камтар ва ҳатто мешавад саҳначаҳое, ки бидуни пул ба навор гирифта, нашр мекунем.

— Мавзӯъҳои замонавиро чӣ гуна меёбед?

— Мо ҳамарӯза миёни мардумем ва мавзӯъҳоро якҷоя бо матннавис аз рӯзгори мардум мегирем.

Дар шарҳи наворҳои шумо суханони қабеҳ менависанд?

— Соли таваллуди ман 1997 аст, аммо зоҳиран синну солам хурдтар менамояд, зеро каме қадам паст аст. Дар зери наворҳоям низ махсусан барои қади пастам суханони ноҷо менависанд. Ба мазмун ва муҳтавои наворҳоям эрод намегиранд.

— Шумо аз ҷумлаи блогероне ҳастед, ки хеле хуб аз уҳдаи таҳияи наворҳои ҳаҷвӣ мебароед. Чӣ гуна ба дунёи ҳаҷв ворид шудед ва аз кай чунин шуғл доред?

— Ҳаҷв дар хуни ман аст, аз давраи мактабхонӣ дар маҳфилҳои мактабӣ ҳамчун ҳаваскор дар ин соҳа фаъол будам.

Бо наворҳои ҳаҷвиатон чӣ гуфтан мехоҳед?

— Тавре гуфтам, мавзӯи саҳнаҳо аз ҳаёти ҳаррӯза гирифта мешаванд ва мо бо ҳазлу шӯхӣ ба мардум аз камбудиҳову хатогиҳо мегӯем, ки албатта мақсадамон ислоҳшавӣ аст.

Дуруст аст, ки ҳаҷв ҳам одамонро тарбия карда метавонад?

— Сад дар сад дуруст аст. Махсусан, ҳоло, ки аксари насли наврас дар фазои маҷозист, бо блогерӣ низ метавон тарбия намуд.

Ба андешаи худатон аз ҳама навори беҳтаринатон кадом аст?

— Наворе, ки ман нақши писар ва рафиқам нақши падарро мебозем, ки ман як ба худу як ба падарам арӯс меёбам.

— Як вақт шумо дар барномаи ҳаҷвии “Стендапи Хуҷандӣ” будед, чаро ҳоло нестед?

— Бале, пеш аз фаъолияти блогерӣ тариқи стендап мардумро хушҳол мекардам, вале чун ба блогерӣ ҷиддӣ машғул шудам, барои он барнома вақт наёфтам.

Чӣ нақшаҳои эҷодӣ доред?

— Нақшаҳои эҷодӣ хеле зиёданд, аммо аз гуфтанашон худдорӣ мекунам, зеро барои ҳаводорони саҳифаам армуғон мекунам.

Мусоҳиб Меҳрубон Ҳурматов

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *