Чӣ тавр Барон ду нафарро соҳиби мошин кард?
Барон, рэпер ва блогери шинохтаи тоҷик дар «ГИВ»-и навбатии худ ду мошини тамғаи «2107»-ро миёни обуначиҳои худ гузошт, ки дар натиҷа ду нафари онҳо соҳиби ду мошин шуданд.
Ҳоло дар миёни блогерони тоҷик «ГИВ» гузаронидан ба анъана даромадааст. Яъне як блогере, ки обуначиҳои зиёд дорад эълон мекунад, ки сарпараст ҷамъ мекунад. Сарпараст нафароне мешаванд, ки мехоҳанд обуначиҳояшонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд кунанд. Хуллас, сарпарастон пул медиҳанд, блогерон он пулро бар ивази обуна шудан ба саҳифаҳои сарпарастон миёни обуначиҳояшон бозӣ мекунанд. Дар бозӣ рақами касе омад ӯ ғолиб мешавад.
Ёдовар мешавам, ки Барон то чанд моҳи пеш Абдурозиқ ном овозхон ва блогерро продюсерӣ мекард ва қатъи фаъолияташон дар ҷомеа сару садоҳои зиёдро ба бор оварда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ