Чӣ тавр кӯдаки 1,5-сола бе волидайн то Амрико расид?

Тифле, ки бо низомиёни хориҷӣ Кобулро тарк кард, бо модараш дар Амрико мунтазири падар аст. Ин кӯдаки афғонистонӣ соле пеш ҳангоми фирори дастаҷамъии сокинон аз Кобул тасодуфан бо ҳавопаймое бидуни волидон ба хориҷи кишвар бурда шуд. Ҳоло ӯ боғча меравад. Он замон ӯ 1,5-сол дошт, ҳоло бошад, 2,5-сола шудааст.

Дидор пас аз 40 рӯз

Баъди беш аз 40 рӯзи дурӣ аз тифл модару кӯдак дар Амрико ба дидори ҳам расиданд. Модари ҷавон хушҳол аст, ки кӯдаконашро дар ин кишвар бузург мекунад, аммо ӯро сарнавишти падари фарзандонаш, ки дар Афғонистон мондааст, нигарон кардааст.

Бино ба гузориши “Озодӣ”, Воҳида Ализодаи 20-сола ва ду тифли ӯ — Илёси 5-солаву Фарзоди 2,5-сола соли гузашта Афғонистонро тарк карданд. Онҳо ҳоло дар Иёлоти Вирҷинияи Амрико зиндагӣ доранд. Дар рӯзҳое, ки фурудгоҳи Кобул пуриздиҳом буд, волидони Фарзоди хурдсол барои дар зери по намондан тифлашонро ба дасти сарбозони хориҷӣ доданд. Вақте худашон вориди фурудгоҳ шуданд, дигар кӯдаку сарбозро наёфтанд.

Фарзодро танҳо ба Норвегия фиристоданд ва танҳо пас аз якуним моҳ модар тавонист тифлашро ба оғӯш гирад.

Воҳида Ализода, модари ин тифл мегӯяд: “Фарзод, ки 43 рӯз аз ман ҷудо буд, ҳоло ба боғчаи кӯдакона меравад. Ба хондани “Алифбо” шуруъ кардааст”.

Падари Фарзод бошад, пеш аз парвози ҳавопаймо барои ҷустуҷӯи фарзандаш аз фурудгоҳ берун шуд ва дар Афғонистон монд.

Танҳову бесарнавишт…

Дар муроҷиати худ падари Фарзод, ки намехоҳад шахсияташ муаррифӣ шавад, аз ҳукумати Амрико хост, то ба ӯ барои пайвастан бо зану фарзандонаш кумак кунанд. “Як сол боз оилаи ман дар Амрико зиндагӣ дорад ва ман дар Афғонистон танҳову бо сарнавишти номуайян мондаам. Ман аз ҳукумати Амрико мехоҳам ба мушкилӣ ман расидагӣ кунанд”,- гуфтааст ӯ.

Воҳида ҳам, ки таълиму тарбияи ду кӯдакро ҳоло ба танҳоӣ ба дӯш дорад, аз сарнавишти шавҳараш нигарон аст. “Аз омадани мо ба ин ҷо 10 моҳ гузашт. Вале шавҳари ман ҳамоно омада наметавонад. Ин маро нороҳат мекунад”,- мегӯяд номбурда.

Бо ин вуҷуд, ин зани ҷавон талош дорад зиндагии худ ва ду кӯдакашро дар кишвари дигар бисозад. “Ҳоло ман озод ҳастам. Кор мекунам, ҷойи зист дорам, фарзандонам боғча мераванд. Хушбахтам, ки онҳо хату савод меомӯзанд. Ин маро бисёр хушҳол мекунад”,- гуфт Воҳида Ализода, модари Фарзод.

Хушҳолӣ ва нигаронӣ аз оянда

Воҳида ин ҷо дӯстони зиёд пайдо кардааст, онҳо ба ӯ кумак мекунанд ва намегузоранд, ки худро дар ҷойи бегона тасаввур кунад. Ин зани афғон ҳамоно дар бораи сарнавишти ояндаи Афғонистону атфоли кишвараш фикр мекунад. “Ман мехоҳам, ки вазъ дар Афғонистон беҳтар шавад, то кӯдакон, махсусан, духтарон, мисли ин ҷо соҳиби маълумот шаванд ва мактаб раванд”,- гуфт ӯ.

Бо сари қудрат омадани Толибон, зиндагии занону духтарон дар Афғонистон мушкил шуд. Онҳо акнун наметавонанд озод ва бидуни ҳамроҳии мард ба берун бароянд ва кору таҳсил кунанд. Воҳида хушҳол аст, ки ӯ дар он низом зиндагӣ надорад, вале Фарзоду Илёси хурдсол ҳамоно чашм ба роҳи падар ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *