Мегафон

Чӣ тавр муштариро дар давоми 2 дақиқаю 45 сония хурсанд метавон кард?

Оператори имкониятҳои нави рақамӣ ҳаррӯза наздики 6 000 муроҷиатҳои муштариёнро баррасӣ менамояд. Ин нишондиҳандаи миёна аст: рӯзҳое мешаванд, ки фаъолнокии сокинони Тоҷикистон ба маротиб меафзояд. Дар давоми рӯз 120 мушовири ширкат омода ҳастанд, ба ҳамаи саволҳо ҷавоб дода, талаботи мизоҷонро конеъ гардонанд.

Муштариён чӣ мехоҳанд, барои чӣ онҳо занг мезананд ва менависанд? Байни мавзӯъҳои бештар мушоҳидашаванда ивази тарофа, пайвасткунии опсияҳо, кӯмак бо танзимкунии интернет дар смартфон қарор доранд. Вазифаи хадамоти мизоҷони МегаФон – дарҳол ҳал кардани масъалаи муштарӣ якбора пас аз воридшавии муроҷиати ӯ ба шумор меравад. Мувофиқи меъёрҳои дохилии ширкат 90% дархостҳои ба онлайн-чат воридшаванда бояд ҳамин тавр мавриди коркард қарор гиранд – барои оператори рақамӣ ин шабакаи асосии муошират бо муштариён мебошад. Кормандони МегаФон ин меъёрҳоро ба пуррагӣ иҷро менамоянд.

Вақти миёнаи хизматрасонӣ 2 дақиқаю 45 сонияро ташкил медиҳад. Агар масъала ба ягон хизматрасонии мураккаб рабт дошта бошад, муошират метавонад то шаш дақиқа давом кунад. Дар ин муддат корманди хадамоти мизоҷон моҳияти пешниҳодро тавсиф менамояд, намуд ва танзимоти ҷории дастгоҳи мобилии муштариро аниқ мекунад, мушкилии ӯро ҳал менамояд ва тавре амал мекунад, ки табъи муштарӣ болида бошад!

Мизоҷон ба оператор ҷавобан муносибати нек изҳор менамоянд. Сифати хизматрасониҳои мобилӣ ва сервисро муштариён якбора пас аз анҷоми хизматрасонӣ баҳогузорӣ карда метавонанд. Қайдҳои худро бошад, сокинони кишвар, аз ҷумла, барои баёни миннатдории хеш мегузоранд. Ҳамин тавр, Далер аз шаҳри Бохтар барои муносибати хуби кормандон нисбати мизоҷон изҳори сипос намуд. Шаҳло аз шаҳри Кӯлоб барои муомилаи хуби мушовирон ва замимаи қулайи «МегаФон Life” миннатдорӣ баён намуд.

Боз якчанд фикру мулоҳизаҳои кӯтоҳи дигар: “Ба ман МегаФон Тоҷикистон хеле писанд аст. Ман ва оилаи ман МегаФонро истифода мебарем. Бе шубҳа тавсия медиҳам!” – менависад Эҳсон аз ноҳияи Айнии вилояти Суғд. “Ман аллакай зиёда аз шаш сол муштарӣ ҳастам ва аз хизматрасониҳо розиям, — изҳор дошт Шаҳзод аз ноҳияи Ваҳдат. “Ба ман сатҳи хизматрасонӣ писанд аст ва ин қулай аст. Мехоҳам, ки дӯстонам низ оид ба МегаФон маълумот пайдо намоянд”, — мегӯяд сокини пойтахт Омина.

Ба саволҳои мизоҷон зуд ва босифат ҷавоб додан, доимо онлайн ва офлайн дар алоқа будан – чунин аст стретегияи оператор. Хизматрасонии сатҳи баланд бошад, шояд миннатдории беҳтарин барои суханҳои самимии тоҷикистониён бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *