Чӣ тавр муштариён дар инкишофи шабакаи мобилӣ кӯмак мекунанд?

“Пештар интернет суст буд, баъзан ҳатто занг зада тамос гирифтан намешуд. Бо сокинони ноҳия ҷамъ омадем ва ба МегаФон Тоҷикистон бо хоҳиши насб кардани пойгоҳи базавӣ мактуби дастаҷамъона навиштем. Сипосгузорем, ки ширкат хоҳиши моро иҷро намуд. Акнун сифати алоқа камбудӣ надорад!” – чунин аст фикру мулоҳизаи Мансур Норматов, сокини қишлоқи Эсанбойи Дараи Калони ноҳияи Рӯдакӣ. Ин яке аз ҳолатҳои зиёдест, вақте аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ иншооти алоқаро бо назардошти хоҳишу дархостҳои муштариён насб карда, ба кор даровард. Корҳои сохтмонӣ чӣ гуна ҷараён мегиранд ва барои чӣ пойгоҳҳои базавӣ (ПБ)-ро наметавон якбора дар рӯзи оянда баъди муроҷиати сокинони маҳаллӣ насб намуд? 

Мактубҳои муштариён ба МегаФон Тоҷикистон аз тамоми кишвар ворид мешаванд. Қисми бештари мактубҳо аз Душанбе ва НТМ, ки минтақаҳои нисбатан сераҳолии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбанд, ворид мегарданд. Вақтҳои охир оператор пойгоҳҳои базавиро дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури пойтахт, шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Шаҳринав насб намуд. Қишлоқи Эсанбойи Дараи Калон, ки дар он Мансур Норматов зиндагӣ дорад, танҳо яке аз нуқтаҳои аҳолинишинест, ки дар он алоқа беҳтар карда шуд. Лекин бояд гуфт, ки чунин имконияти техникӣ, ба монанди насби ПБ-и нав на ҳамеша зарур меояд.

Пас аз дастраскунии дархости сокинон сараввал сифати телеком-хизматрасониҳо дар ноҳияе, ки дар борааш сухан меравад, санҷида мешавад. Баъзан мушкилоти алоқа хусусияти муваққатӣ доранд, масалан, бинобар ҳодисаҳои табиӣ ба миён омадаанд. Дар ин ҳолат фаъолияти шабака дар соатҳои ангуштшумор барқарор карда мешавад. Варианти дигари беҳтар кардани алоқа тақсим кардани трафик байни пойгоҳҳои базавӣ мебошад ва ин корро ба зудӣ метавон анҷом дод. Танҳо дар сурате, ки агар ҷузъ тарзи амали қатъӣ чорае ба кор наояд, мутахассисони алоқа ПБ-и иловагиро бунёд менамоянд.

Чунин тарзи амали ҷиддиро метавон ин тавр баён кард: насби ҳар як пойгоҳи базавӣ аз ним сол зиёд вақтро гирифта, харҷи қариб 100 ҳазор доларро тақозо менамояд. Лозим меояд, ки таҷҳизот ки аз хориҷа харида, интиқол дода шуда, сипас васл ва танзим карда шавад. Дар баробари ин, дастрас намудани иҷозатномаҳои дахлдори мақомоти давлатии назораткунанда зарур меояд. Бале, муштариён маҷбуранд, ки интизор шаванд. Вале дар натиҷа алоқаи босифат барояшон пурра таъмин карда мешавад.

Корҳои сохтмонӣ дар минтақаҳои дигари кишвар, ки дар онҳо ПБ бо хоҳишҳои сокинон пайдо мешаванд, чӣ гуна ҷараён доранд?

Дар вилояти Суғд бисёри мактубҳои муштариён аз шаҳрҳо меоянд. Агар миқдори трафики истифодашавандаи интернетро ба сари як муштарии ширкат ҳисоб кунем, пас вилояти Суғд минтақаест, ки интернети аз ҳама бештарро истеъмол менамояд. Барои ҳамин дар ҷойи аввал таъмини суръати баланди дастрасии мобилӣ қарор дорад. Баҳри ноилшавӣ ба ин мақсад аллакай хоҳишҳои сокинони шаҳрҳои Истаравшан, Истиқлол, Исфара, Панҷакент ва ноҳияи Айнию Мастчоҳ амалӣ карда шудаанд.  

“Хеле хушҳолам, ки мактуби ман бедиққат намонд ва ба макони мо пойгоҳи базавиро оварданд. Фарқ якбора эҳсос шуд: алҳол ҳам суръати интернет баландтар, ҳам сифати алоқа беҳтар, ташаккури зиёд ба ширкат!” – изҳор дошт сокини Истаравшан Комил Собиров.

ВМКБ – минтақаи аз ҳама баландкӯҳи Тоҷикистон. Барои ҳамин насби ҳар иншооти алоқа дар ин ҷой имкониятҳои махсуси техникиро тақозо мекунад. Ҳамин тавр, дар ноҳияи Ванҷ бо хоҳиши муштариён аз қишлоқи Ҷовидон як бахши ба ном аз ҷое ба ҷое гузаронидашаванда ба кор дароварда шуд. Ин як шохаи иловагии хатҳои алоқаи нахӣ-нурӣ (ХАНН) мебошад, ки барои таъмини сокинони маҳаллӣ бо телеком-хизматрасониҳо сарфи назар аз ҷойгиршавии кӯҳ имконият фароҳам овард. Қаблан бинобар хусусиятҳои релеф сигнали ПБ-и наздиктарин ба ҳудуди қишлоқ рафта намерасид. Дар баробари ин, хоҳишҳои муштариёни маркази маъмурии ВМКБ амалӣ карда шуданд.

“Акнун бе ягон мушкилӣ вориди интернет мешавем ва рӯзҳои дароз бо наздикони дар хориҷа қарордоштаи худ гап мезанем”, — мегӯяд сокини Хоруғ Рашид Парпишоев.

Дар вилояти Хатлон хоҳишҳои сокинони шаҳрҳои Вахш, Қабодиён, Ёвон, ноҳияҳои А.Ҷомӣ ва Ховалинг иҷро карда шуданд. Қайд кардан зарур аст, ки муроҷиатҳои муштариён хеле зиёд бо нақшаҳои худи ширкат мувофиқат мекунанд. МегаФон Тоҷикистон ПБ-ро дар асоси натиҷаҳои санҷиши сифати алоқа ва нақшаҳои рушди техникӣ дар минтақаҳое, ки васеъкунии фарогирии шабакаро тақозо мекунанд, насб намуда, ба кор медарорад. Лекин маълумот аз худи муштариён ба ҳар сурат муфид аст. Бинобар ин, метавон гуфт, ки рушди инфрасохтор фаъолияти муштараки оператор ва мизоҷони он ба ҳисоб меравад.

“Аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” миннатдорем, ки муштариёни худро мешунавад ва ҳаёти онҳоро беҳтар менамояд. Шаҳри мо калон нест, лекин кори аксарият бо интернет вобаста аст. Хеле хуб, ки баъди насби пойгоҳи базавӣ суръати он боло рафт!” – мегӯяд сокини Вахш Маҳбуба Қосимова.

Ҳангоми банақшагирии корҳо оид ба бунёди шабака МегаФон Тоҷикистон ҳамаи муроҷиатҳои муштариёнро ба назар мегирад. Дар соли 2023 баъди баҳогузорӣ мутахассисон ҳар хоҳиши дуюми мизоҷонро вобаста ба насб ё муосиркунонии пойгоҳи базавӣ амалӣ намуданд. Мехоҳед, ки сифати алоқа беҳтар шавад? Ба оператори худ нависед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *