Чӣ тавр одамон бо забони рақс ҳарф мезананд?

Имрӯз Рӯзи байналмилалии рақс аст ва аз соли 1982 бо ташаббуси ЮНЕСКО ҷашн гирифта мешавад.

Санаи мазкурро муаллим ва балетмейстер Пётр Гусев ба хотираи устоди балети фаронсавӣ, назариётшинос ва ислоҳотчии балет Жан-Жорж Новере пешниҳод кардаву аз тарафи масъулини дахлдор пазируфта шудааст.

Тавре маълум аст, Рӯзи байналмилалии рақс бо мақсади муттаҳид сохтани тамоми самтҳои рақс, табдил ёфтани як василаи эҳтиром ба ин намуди санъат, қобилияти он барои бартараф намудани ҳама марзҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва қавмӣ, қобилияти муттаҳид сохтани одамон дар роҳи дӯстӣ пешбинӣ шудааст. Рақс ба одамон имкон медиҳад, ки бо як забон — бо забони рақс ҳарф зананд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *