Чӣ тавр саҳифаи ютуби овозхони тоҷикро дуздиданд?

Овозхон ва блогери тоҷик Фатҳиддин Асоев, ки дар фазои маҷозӣ бо тахаллуси “Федя” маъруф аст, дар саҳифаи Тик-Токи худ хабар дод, ки саҳифаашро дар Ютуб дуздиданд.

Дар аввали навор Фатҳиддин Асоев чӣ тавр дуздида шудани саҳифаи ютубашро чунин шарҳ медиҳад:

— Мо бо як ширкат дар бобати реклама маслиҳат кардем. Онҳо як линк равон карданд ва гуфтанд, ки навори тарғиботӣ онҷост. Мо ба линк бо телефон ворид шудем, вале нашуд ва онҳо гуфтанд, ки бо компютер ворид шавед. Баробари бо компютер ворид шудан, вирус даромад. Мо антивирус насб кардем ва паёмак омад, ки ҳама маълумоти саҳифаи ютубии мо иваз шудаанд, яъне, қаллобон бо ин роҳ саҳифаи моро аз худ карданд.

Овозхони тоҷик мегӯяд, заррае руҳафтода нест, зеро мақсадаш мухлисонашро хурсанд кардан аст ва ин корро ӯ метавонад дар саҳифаи нав ҳам анҷом диҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *