Чӣ тавр ёварони овозӣ  дар  ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ  кӯмак мекунанд

«Сири, ба ман як мусиқии ҷолиб   пайдо кунед! Google, ба ман хотиррасон кунед, ки соати 12:00 ба мизоҷ   занг занам!» Сокинони Тоҷикистон ҳарчи бештар бо смартфонҳо, телевизорҳо ва баландгӯякҳои ҳушманд сухан  мегӯянд.   Вале,  аксари ёварони   овозӣ дар хориҷа сохта шудаанд ва ба монанди Amazon Alexa ё Xiaomi Smart Assistant танҳо бо забони англисӣ муошират карда метавонанд. Зимнан,   истиснои гуворо низ ҳаст.   Мо  мегӯем, ки дар кадом ҳолатҳо ёварони  овозӣ метавонанд кӯмак кунанд, аммо  огоҳ месозем, ки  оид ба  ҳамаи вазифаҳои ҳар як воситаи ёвар  сухан намеравад.           

Ёвари  овозӣ, паёмакро нависед!

Биёед аз  як намунаи нодири  ёвари  овозӣ, ки бо забони тоҷикӣ муошират карда метавонад, оғоз кунем. Таҳияи нави МегаФон Тоҷикистон дар ҳолати озмоишӣ  Ёвари Овозӣ    ном дорад. Он дар чат-боти   Telegram кор мекунад ва барои мубодилаи  паёмакҳо  дар  ҳолате, ки ба   ҳамсуҳбат занг зада намешавад,  масалан, ӯ дар маҷлис   аст ва    ҷавоб дода наметавонад, имкон медиҳад. Бо пешниҳоди воситаи  ёвар   шахси  занггузор  паёмро мегӯяд ва ба  қабулкунанда СМС бо  истинод ба канали телеграмм ворид мегардад, ки дар он  дилхоҳ вақт   сабтро гӯш кардан мумкин аст. 

Аллакай дар оғоз ёвари  овозии оператор ҳам  дар  шакли  ройгон  ва  ҳам дар намуди   премиум бо нархи 5 сомонӣ дар як моҳ дастрас аст. Дар варианти   пулакӣ, корбар метавонад, масалан, интихоб кунад, ки роботи ёвар  бо кадом овоз сухан мегӯяд, бо овози мард  ё   зан. Қабулкунанда  бошад  метавонад на танҳо гӯш кунад, балки паёмҳоро хонад, зеро воситаи  ёвар   сабти аслии аудиоиро ба формати матн табдил медиҳад. Худатон  фикр  кунед, ки кадомаш қулайтар аст.

Сбер, пулро  интиқол бидеҳ!

Ёрдамчии маҷозии бонк, ки аксари шаҳрвандони Тоҷикистон аз хизматаш истифода мебаранд, “Салют” ном дорад. Шумо метавонед дар бораи ҳолати суратҳисоб пурсед, таърихи транзаксияро тафтиш кунед, маблағҳоро   интиқол диҳед. Танҳо дар смартфони худ барномаи мобилии бонкро кушоед ва ба таври шифоҳӣ, масалан, дар бораи  пардохти маблағи   алоқаи мобилӣ,  бипурсед.  

Маруся, як афсона  нақл  бикун!

Ёвари  овозӣ, ки дар бисёре аз хизматрасониҳои   “ВКонтакте”   ҳамгироӣ   шудааст, як «мураббияи» хуб ҳисобида мешавад. Маруся метавонад овози кӯдаконро  бишносад  ва реҷаи бехатарро фаъол кунад,   бо ин роҳ кӯдак аз  контенти   номатлуб муҳофизат карда мешавад. Вай метавонад афсона нақл кунад, аз VK  мусиқии   мувофиқро интихоб намояд ва    дар омӯзиши фанҳои мактабӣ кӯмак расонад.    Дар умум, шумораи функсияҳои  Маруся аз 800 зиёд аст.  

Алиса,  дар хариди костюм  кӯмак намо!

Таҳияи  ширкати “Яндекс”  низ  як ҳамсуҳбати  мукаммал мебошад.   Масалан, ронандагон аксар вақт Алисаро барои нақшаи хатсайри  сафари   худ истифода мебаранд.  Хизматрасонии   ба наздикӣ  роҳандозишуда    ба ёвари    овозӣ имкон медиҳад, ки  молу хизматрасониҳоро  аз   мағозаҳои интернетӣ    пайдо  намояд.    Алиса на танҳо чангкашак ё костюмро бо нархи мувофиқ интихоб мекунад, балки бо риояи фармонҳои корбар фармоишро тартиб медиҳад. 

Сири, Stray kids-ро   фаъол намо!

Зимнан, агар шумо мухлиси гурӯҳи писарони кореягӣ набошед,   метавонед   ягон  суруди  дигарро пахш кунед.    Apple Siri дар байни коршиносон ҳамчун беҳтарин ёвари овозӣ барои ҷустуҷӯи мусиқӣ  шинохта шудааст, вале   он танҳо дар дастгоҳҳои Apple дастрас аст.  Барои истифодаи Apple Music низ,    як баландгӯяки  ҳушманди  ҳамин бренд лозим мешавад.    

Google, пагоҳ соати ҳашт маро бедор кун!

Номи пурраи ин ёвари шахсӣ барои дастгоҳҳои Android ва баландгӯякҳои ҳушманд — Google Ассистент  мебошад. Вай медонад, ки чӣ тавр занги  соатро барои   вақти лозимӣ дуруст  кунад,  дар хусуси    занги муҳим  хотиррасон намояд  ва    паролҳоро дар хотир нигоҳ дорад.

Ёвари   овозиеро интихоб кунед, ки ба шумо дар ҳалли масъалаҳои  ҳаррӯза  кӯмак карда тавонад.    Танҳо дар хотир доред, ки шумо ҳоло  бо робот  гап мезанедJ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *