Чӯпони тоҷикро бар ивази 40 ҳазор доллар мехаранд?

Бино ба маълумоти Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қочоқбарони афғон чӯпони рабудашудаи тоҷик Тӯрахон Нурматовро ба ҳудуди Афғонистон бурдаанд.  Ёдовар мешавем, ки Нурматов рӯзи якуми январи имсол дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон рабуда шуда буд.

Гурӯҳи қочоқбар бар ивази озодии ӯ аз як сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 40 ҳазор доллар талаб дорад. Онҳо бо рақами телефоне, ки аз   соҳиби руммаи гӯсфандон Абдуғаффор Қурбонов,  рабудаанд бо хонаводаи Тӯрахон дар тамос шудаад ва иддао кардаанд, ки бародарзодаи Қурбонов аз онҳо қарздор аст. Ва онҳо мехоҳанд ба ин васила ба ӯ расонанд, ки пулашонро баргардонад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *