Чаҳор рӯзи истироҳат

Дар ин рӯзҳо тоҷикистониён барои ҷашн гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ва иди саиди Қурбон омодагӣ мебинанд. Имсол иди Қурбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳои мусулмонӣ 12 сентябр таҷлил мегардад.
Тавре аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон хабар доданд, мувофиқи меъёрҳои қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 9 сентябр ҳамчун рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ рӯзи истироҳат буда, имсол ин рӯзи ҷашнӣ ба рӯзи ҷумъа рост меояд.
Ғайр аз ин, иди Қурбон имсол ба рӯзи душанбе рост меояд, ки он рӯз ҳам истироҳат эълон шудааст. Аз ин рӯ, шаҳрвандони ҷумҳурӣ 4 рӯз- 9, 10, 11 ва 12 сентябр пай дар пай истироҳат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ як қатор чорабиниҳои идона, аз ҷумла, паради низомӣ ва парад-марафон баргузор мегарданд, ки боҳашаматтарин парад дар таърихи Тоҷикистон хоҳад буд.
Бояд зикр кард, ки иди Қурбон аз ҷумлаи қадимтарин ва азизтарин маросимҳои суннатии мусулмонон аст. Рӯзи ид мардуми мо дастархони пурнозу неъмат густурда, ба муборакбодии якдигар мераванд, меҳмононро аёдат ва мазори гузаштагонро зиёрат мекунанд. Аз Қуръони маҷид оятҳо қироат менамоянд ва муҳимтар аз ҳама, барои ятимону барҷомондагон, бепарасторону пиронсолони танҳо ва дигар ашхоси камбизоат дасти хайру сахо мекушоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *