Чаканпӯшони Орзугул дар Чирчиқ

Орзугул Абдураҳмонова аз занҳои сарсупурдаи миллати тоҷик маҳсуб меёбад, ки дар шаҳри Чирчиқи вилояти Тошканд кору зиндагӣ мекунад. Ӯ дар баробари мудири мактаби рақами 25-и шаҳр будан, роҳбарии Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон — “Суғдиёна”-ро низ бар уҳда дорад.

Ташвишу тараддудҳои Орзугул ҳар сол баробари наздик шудани иди Бонувон ва Наврӯзи Аҷам беш аз пеш меафзояд. Чанд лаҳза пеш бо вай суҳбат кардам ва бо рӯзи милодаш, инчунин фарорасии идҳои баҳорӣ табрикаш намудам. Хурсанду хушҳол шуд.

— Наврӯз барои ман на як санаи расмӣ, балки ҷашни миллии тоҷикон аст, ки бояд ҳамеша дар доираи васеъ ва бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардад. Мисли ҳар сол онро бо иди бонувон якҷоя дар кохи “Наврӯз”-и шаҳрамон таҷлил мекунем. Ҳатман ба ин чорабинии мо биёед,- гуфт Орзугул Абдураҳмонова.

Орзугул мегӯяд, ки маҳз роҳандозии чорабиниҳои фарҳангӣ дар ҳифз ва рушди забони модарӣ, идома ёфтани анъанаҳо, расму оин ва суннатҳои миллии тоҷикӣ мусоидат хоҳад кард.

Баъди 15-уми март дар Ӯзбекистон тантанаҳои наврӯзӣ оғоз мешаванд. Ин чорабиниҳо бе иштироки Орзугул ва гурӯҳи духтарони чаканпӯшаш намегузаранд. Вай як тарафи идгоҳро бо ҷамоли духтарон ва либосҳои рангоранги миллии тоҷикӣ зебу зиннат мебахшад.

Бобои Мирзораҳим Абдураҳмонов — падари Орзугул аз одамони маъруфи ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд маҳсуб меёбад. Вай бо ҳамсараш Банотгул соҳиби 12 фарзанд шудаанд, ки бо амри тақдир даҳ нафари онҳоро ба воя расонидаанд. Падар бо духтарбузургаш мефахрад. Мегӯяд, ки дар байни духтаронаш Орзугул аз хурдӣ ба илму фарҳанг дил баста буд. Вақте ба хондан меравад, падар мегӯяд: “Тавонӣ, раву хон, ман аз қафои ту рафта пул сарф намекунам”. Ӯ бо азму иродаи хеш ба Донишкадаи омӯзгорӣ дохил шуда, онро хатм мекунад.

— Даҳ сол пеш дар шаҳри Чирчиқ синфҳои тоҷикӣ кушода будам. Аммо ба сабабҳои мухталиф ин синфҳо яке аз паси дигаре аз байн рафтанд. Ҳоло вазъият дигар шудааст ва бояд дар мактабе, ки директор ҳастам, ҳадди ақал як синфи тоҷикӣ боз кунам. Вале дар ин самт падару модарони кӯдакон бояд мусоидат намоянд,- мегӯяд раиси Маркази тоҷикони шаҳри Чирчиқ.

Ҳолномаи ӯ аҷиб аст. Соли 1957 дар вилояти Чимкенти Қазоқистон, ки он замон имрӯза ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд шомили он буд, таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи ба номи Садриддин Айниро хатм карда, баъди таҳсил дар Донишкадаи омӯзгорӣ фаъолияти меҳнатиашро дар шаҳри Чирчиқ шуруъ кардааст.

— Соли 2005 маро тоҷикони шаҳри Чирчиқ раиси Маркази тоҷикони “Суғдиёна” интихоб карданд. Баъди як сол директори мактаб таъйин шудам,- мегӯяд Орзугул Абдураҳмонова.

Давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон меҳнатҳои пурсамари ӯро бо медали “Шуҳрат”, нишонҳои сарисинагии “Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон”, “25-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон”, “30-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон” ва “Дӯстии халқҳо” қадрдонӣ кардаанд.

Орзугул Абдураҳмонова депутат низ ҳаст. Вайро аз ҳизби “Эҳёи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон” ба Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Чирчиқи вилояти Тошканд вакил интихоб кардаанд. Шавҳараш Рафиқҷон Муйдинов полковники мустафъии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, ҳарду як духтар доранд. Наргиза донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Чирчиқ аст.

Мирасрор АҲРОРОВ,

 шаҳри Тошканд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *