Чанд далел барои тарки сигоркашӣ

Зарарнок будани сигоркашӣ ба саломатии инсон ҳақиқати бебаҳс аст. Ҳоло доир ба фоидаи даст кашидан аз ин одати бад чанд далел манзур мекунем, то охирин шубҳаи сигоркашҳо рафъ гардад ва онҳо дар фикри барқарорсозии саломатии хеш шаванд.

1. Нахустин дигаргунӣ аз қатъи сигоркашӣ аллакай пас аз 20 дақиқа ба амал меояд: гардиши хун беҳтар гашта, ҳассосияти ангуштони дасту по зиёд мешавад.

2. Баъди 8 соат миқдори оксиди карбон коҳиш меёбад, яъне дараҷаи оксиген дар хуни шумо аз нав ба эътидол меояд.

3. Пас аз ду рӯзи сигор накашидан организм аз никотин тоза мешавад. Дар баробари ин, эҳтиёт бояд шуд, ки бо пурра аз организм баромадани никотин хоҳиши сигоркашӣ меафзояд.

4. Баъд аз ду рӯзи тарки сигор ретсепторҳои таъм боз муътадил кор хоҳанд кард. 5. Бо гузашти ду рӯз шумо бӯйро хубтар ҳис мекунед. Акнун нияти аз баҳри одати бад баромадан ва аз бӯи форами садбарг ҳаловат бурданро авлотар меҳисобед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *