Чанд маслиҳати КҲФ ба сокинон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар пайи боришоти барфи зиёд, ки сабаби ҷамъ шудани  барф дар боми хонаҳои истиқоматӣ ва муассисаҳо шуда, хатари лағзиши барфтӯдаву яхпора аз бомҳо, инчунин канда шудани шушаҳои овезон аз лабгӯшаи бомҳоро афзудааст, ба шаҳрвандон чанд тавсия додааст.

Яке аз аввалин тавсияи кумита, ин аст, ки одамон ҳангоми гаштугузор ба ҳолати бомҳо таваҷҷуҳ намоянд: “Ҳангоми мушоҳида кардани шушаҳои овезон дар лабгӯшаи бомҳои хонаҳои истиқоматии худ, зарур аст онро ба хадамоти комуналии маҳалли зистатон хабар диҳед, то ки сари вақт тоза карда шаванд. Кормандони хадамоти нигаҳбонии хонаҳо вазифадоранд ба арзу шикояти шумо сари вақт вокуниш нишон диҳанд ва пайи рафъи хатар кӯшанд”.

Тавсияҳои дигаре, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар торнамояш зикр кардааст:

Соҳибони хонаҳои хусусии якошёна бояд сари вақт бомҳои хонаҳои худро аз барф тоза кунанд, то ки дар натиҷаи об шудан он вазнинӣ ба бомҳо наорад ва муҷиби шикастурехти дигар нашавад.

Шаҳрвандон ҳангоми гузар аз роҳҳо бояд хеле эҳтиёткор бошанд. Дар роҳҳои пиёдагард ба барфтӯдаҳо, ки маъмулан зерашон ях аст, диққат диҳанд. Одатан қабати ғафси ях дар зери шушаҳои овезони бомҳои хонаҳо мешавад. Аз чунин ҷойҳо аз дурӣ гузар кунед. Агар ҳангоми гузаштан аз боло садои шубҳанокеро шунидед, дар ҷоятон қарор нагиред, саратонро боло накунед ва талош накунед бинед, ки ин чӣ садо аст. Балки хеле ба зудӣ аз он макон убур кунед. Зеро ин садои лағзиши барф ва ё ях аст. Худро зуд зери девор гиред, то даме, ки он яхпора ё барф ба замин нарасад, аз ҷой наҷунбед.

Ҳамчунин донистан хуб аст, ки аксар вақт шушаҳо дар новаҳои бомҳо шакл мегиранд, аз ин рӯ ин гуна ҷойҳо маъмулан хатарнок мешаванд.

Соҳибони мошинҳоро зарур аст мошинҳои худро дур аз биноҳо нигоҳ доранд ва воситаҳои нақлиётӣ бояд аз ҷойҳои хатаровар дуртар нигоҳ дошта шаванд.

Падару модарони муҳтарам! Кӯшиш кунед фарзандони хурдсолатонро беназорат нагузоред. Агар шумо онҳоро тани танҳо ба мактаб ва ё ба сайругашт мефиристед, пас қаблан аз хатарҳои эҳтимолии зимистони сарду пурбарфу ях огоҳ созед. Барояшон қоидаҳои бехатари убур аз назди биноҳо ва роҳҳоро фаҳмонед.

Ҳамчунин Кумитаи ҳолатҳои фаавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳоли хоҳиш мекунад аз сафарҳои бидуни зарурат ба манотиқи тармахез худдорӣ кунанд, хеле эҳтиёткор ва ҳушёр бошанд.

Ронандаҳо ҳангоми ҳаракат ба манотиқи куҳӣ ва ё ҷойҳои тармахез бояд суръат ва масофаро риоя кунанд. Дар роҳҳо ботаваҷҷуҳ ва эҳтиёткор бошед! Ҳаёти худ ва ҳамроҳону атрофиёнатонро дар хатар нагузоред!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаҳое шудед, ки бар асари лағзиши барфу афтиши шушаҳо ба амал омадаанд, ба хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо телефонҳои 223 13 11; 221 91 19 ва ё 111 хабар диҳед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *