“Чанд метри мукааб ишқ” соҳиби Шоҳҷоизаи “Дидор”
Шоми дирӯз дар театри давлатии Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Ҳафтумин синамобазми «Дидор» ҷамъбаст гардид, ки дар он филми “Чанд метри мукааб ишқ”-и коргардони афғон Ҷамшед Маҳмудӣ соҳиби Шоҳҷоиза гашт.
Ҳамчунин филми “Ҳар яке”-и коргардони рус Николай Котяш беҳтарин филми кутоҳметраж, ва “Мушкилкушо”-и коргардон Умед Мирзоширинов, беҳтарин филми тоҷикӣ эълон шуд.
Ҳафтумин синамобазми «Дидор» аз 16 то 20 –уми октябр дар шаҳри Душанбе доир гардида дар он 80 филм ба намоиш гузошта шуда буд. Ин синамобазм ҳар ду сол баргузор мегардад.
Суратгир: Дидор Саъдуллоев
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ