Чанд мушкили адабиёт ва китоби кӯдак
Дар ҳаёт ҳар кас замоне бача буд. Ба ёд меорам бачагиамро ва беихтиёр афсонаҳои модар ба ёдам меоянд.
Бо қаҳрамонҳои он қиссаҳо чун фариштаҳо парвозӣ мешудам ба диёри зебои афсонаҳо. Гоҳе худро кӯдаки гирёнчак тасаввур мекардаму гоҳе малика. Гоҳе деви ҳафтсараро медидаму гоҳе шаҳзодаи ҷасуру далеру нотарсро, ки девро мағлуб мекард.
Дар афсонаҳои модар одаму одамгарӣ, завқи зебоипарастӣ, адолат, меҳнатдӯстӣ, меҳанпарастӣ, ҳурмати волидайн, далериву ҷасурӣ ситоиш меёфт. Хислатҳои манфӣ бошад, чун буздилӣ, дурӯягӣ, худбинӣ, хасисӣ, танбалӣ, дурӯғгӯӣ маҳкум мешуд. Ҳамаи афсонаҳо дар хотирам то ба имрӯз нақш бастаанд. Дар навбати худ, он афсонаҳоро ба фарзандонам нақл кардаам.
Мутаассифона, на ҳама волидайн афсона медонанду афсонагӯй ҳастанд. Вазифаи мо адибон аз он иборат аст, ки бо асарҳои худ ба падару модар ёрӣ расонем. Асарҳои бачагонаи ба талаботи рӯз ҷавобгӯ офарем. Тавонем ба воситаи асарҳои эҷодкардаи худ дар замири дили бачаҳо тухми меҳру муҳаббат корем. Муҳаббат ба Ватан, ба он муқаддасоте, ки мо доро ҳастем, муҳаббат ба табиати зиндае, ки моро иҳота кардааст.
Навиштани асари бачагона кори саҳлу сода нест ва ба эҷодкор низ ба осонӣ даст намедиҳад. Адибе, ки барои бачаҳо асар эҷод мекунад, пеш аз ҳама бояд худро кӯдак эҳсос кунад, инчунин аз дунёи пур аз фасонаву беғаши кӯдакон бохабар бошад. Дар утоқи корӣ нишаста, дар бораи майлу хоҳиши бача навиштан аз имкон берун аст. Нависанда ва шоир танҳо дар он ҳолат муваффақ мегардад, ки бештар дар байни бачаҳо бошад ва аз ҳама асосӣ — кӯдаконро дӯст дорад. Адибе, ки барои бачаҳо асар эҷод мекунад, бояд донишу маълумоти фаровон ва маҳорати арзандаи эҷодӣ дошта бошад, инчунин, аз дунёи кӯдакон, доираи майлу хоҳишҳо ва андозаи фаҳму идроки онҳо бохабар бошад.
Вақтҳои охир волидайн ва омӯзгорон шикоят мекунанд, ки бачаҳо кам китоб мехонанд нисбат ба солҳои пешин. Ин албатта сабаб дорад.
Барои завқи бачаро ба хондани китоб бедор кардан, китоб бояд матни ҷавобгӯ ба талаботи кӯдак дошта бошад ва бо расмҳои ранга ороиш дода шавад. Расм худ гӯёи матн хоҳад буд. Вақте ки бача расми зебои товус, гули лола, уқоби баландпарвоз, бузича, мурча ва санҷобро мебинад, беихтиёр завқаш ба хондани матн бедор мешавад. Аммо китоби сиёҳу сафедро ба даст гирифта, табъаш хира шуда, китобро ба ҷояш монда, ба кӯча медавад.
Дар ороиш додани китоби бачагона нашрияҳо мавқеи махсус доранд. Надоштани маблағи даркорӣ онҳоро ба чопи китоби пастсифати сиёҳу сафед водор месозад, ки ин нобахшиданӣ аст. Охир, бача ояндаи миллат мебошад ва нисбати тарбияи ӯ ба саҳланкорӣ роҳ додан гуноҳест азим.
Мушкилии дигар — ин бо теъдоди кам чоп шудани китоби бачагона мебошад. Аз як номгӯй панҷсад ё ҳазор дона китоб чоп мешаваду халос. Дар ҳоле, ки мо зиёда аз чор ҳазор мактаб ва зиёда аз чил ҳазор хонанда дорем.
Мутаассифона, илми адабиётшиносии мо ба таҳқиқи масъалаҳои назариявию илмии адабиёти бачагона кам аҳмият медиҳад. Ҳатто дар китобҳои дарсӣ барои хонандагони хурдсол сатҳи бадеии китобҳо, ба талаботи синну сол ҷавобгӯй набудани онҳо мушоҳида мешавад.
Бачагии мо бо хондани асарҳои ҷолиби Деҳотиву Миршакар, Гулчеҳраю Убайд Раҷаб паси сар шудааст. Имрӯзҳо аз ҳафтсола то ҳафтодсола асарҳои баландмазмуни “Бибиҷонам меояд”, ”Ман калон мешавам”, “Об аз куҷо меояд?”,”Олуча гули бодом”-ро азёд медонанду то ҳозир мехонанд. Имрӯзҳо чунин асарҳои баландмазмун кам ба мушоҳида мерасанд. Мумкин сабаби асосӣ ҳавасманд набудани адибон бошад?
Дар суҳбатҳо бо адибони таҷрибадор мешунавем, ки “ҳаққи қаламамро гирифта хона харидам ё мошин гирифтам”.
Вақтҳои охир чӣ будани ҳаққи қаламро адибон фаромӯш кардаанд. Албатта, ин ҳол низ бетаъсир нахоҳад монд.
Ҳамаи он мушкилоте, ки дар боло ёдрас намудем, боварӣ дорам ислоҳшавандаанд. Бачаи имрӯза магар гунаҳкор аст, ки адибон мушкилӣ доранд? Не, албатта!
Мо адибон аз бачаҳо қарздор ҳастем. Чӣ бояд кард? Бояд асарҳое офарем, ки ҷавобгӯи завқи хонанда бошад. Бача дар сесолагӣ бояд китоб ба даст гирад. Дар варақ гардондан албатта модар ёрӣ хоҳад расонд. Китоб пур аз расми ранга бошад. Модар номи ҳар расмро ба кӯдак мегӯяд.
Китоби дигаре, ки бача тамошо мекунад, ин дар боғча бояд сурат гирад. Дар ин ҷо ба бача мураббӣ ёрӣ мерасонад. Ин китоб низ пур аз расмҳои ранга бояд бошад. Дар ҳар саҳифа 1 ё 2 ҷумлаи хурд. Мураббӣ хонда, ба бача мефаҳмонад.
Бачаи мо калонак шуд, мактабравак шуд. Боз китоб ба даст мегирад, аллакай дар боғча бо ҳарфҳо ошно шудааст. Дар ҳар саҳифа расм ва матни хӯрдакак бояд бошад. Муаллим ба бача ёрӣ хоҳад расонд.
Ин аст зиннаҳои аввале, ки кӯдак китоб ба даст мегирад. Оҳиста-оҳиста саҳифаҳои китоб зиёд мешаванд ва дорои маъное мебошанд, ки бача бояд онҳоро фаҳмад.
Хушбахтона, Сарвари давлатамон, Пешвои муаззами миллат бо сиёсати одилона, оқилона, инсондӯстона, дурбинона ва маорифпарваронаи худ ба масъалаи рӯ овардан ба китоб ва китобхонӣ диққати махсус медиҳад. Озмунҳое, ки рӯзҳои охир баргузор гашта истодаанд, далели ин суханҳо мебошанд. Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таконе буд на танҳо ба хонанда, балки ба падару модар, роҳбари синф, ҷомеа.
Мо адибон низ мекӯшем асарҳое офарем, ки тарбиявӣ бошанд.
Гулчеҳра МУҲАММАДИЕВА,
Нависанда
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ