Чанд мушкили як водӣ. Аз пешниҳод то роҳҳои ҳал

Яке аз омилҳои муҳим дар ташкили корхона ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шароити куҳистон бунёди роҳҳои мувофиқ барои ҳаракати нақлиёт мебошад. Аз маркази ноҳияи Айнӣ то шаҳраки Меҳрон — маркази Куҳистони Мастчоҳ 90 км роҳ аст, ки онро автомобилҳои сабукрав дар 4-5 соат, мошинҳои боркаш дар 6-7 соат тай менамоянд. Ин худ гувоҳи мушкилгузар будани роҳи номбурда мебошад.

Роҳ харобу мардум дар азоб

Борбардории кӯпрукҳои дар ин роҳ сохташуда 20-30 тонна аст. Ду-се соли охир мошинҳои «Дулан»-и ангишткашон, ки вазнашон 50-60 тонна аст, аз Куҳистони Мастчоҳ то ноҳияи Айнӣ ҳолати роҳ ва кӯпрукҳоро хеле хароб намудаанд. Бо сабаби ҳаракати мошинҳои вазнинбор дар ин роҳ, сол аз сол ҳолати техникии он вазнин шуда истодааст. Кӯпруки болои дарёи Зарафшон, ки 60 сол пештар бо қувваи мардум сохта шуда буд ва аз болои он сокинони 9 деҳаи Ҳузндараи Куҳистони Мастчоҳ мегузаранд, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Кӯпрукҳои деҳаҳои Шамтуч, Шаватки Поён ва сойи Испаҳн садамавӣ буда, ба ҳаракати нақлиёт монеа пайдо менамоянд. Ба ғайр аз ин, чангу хоки аз ҳаракати ин мошинҳои вазнинбор ба фазо баромада муҳити экологии деҳаҳоро хеле ифлос намудааст. Сокинони деҳаҳои ҷамоати Иван-Тоҷики ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ва ҷамоатҳои Шамтучу Рарзи ноҳияи Айнӣ аз чангу хоки ба хонаҳояшон даромада безор гаштаанд ва то имрӯз касе ба доди онҳо намерасад. Як қисмати ин роҳ аз деҳаи Фатмев то деҳаи Похут дар ҳолати хеле ногувор қарор дорад. Дар мавсими баландшавии сатҳи оби дарёи Зарафшон ин қисмати роҳ вайрон гардида, ҳаракати автомобилҳоро чанд шабонарӯз бозмедорад. Солҳои зиёдест, ки Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ барои беҳтар намудани ин қисмати роҳ маблағҳои зиёд сарф менамояд, вале то ҳол ягон беҳбудие пайдо нагардидааст. Қариб 1 км ин роҳ аз деҳаи Рарз то Похут, дар поёни куҳи лағҷидаистода қарор дорад ва имкони устувор намудани ин қисмати роҳ мавҷуд намебошад, сарфи маблағҳо низ барои он беҳуда аст. Танҳо дар сурати сохтани роҳи нав аз деҳаи Фатмев ба миёнаи куҳҳо то деҳаи Похут, ҷойҳои хатарноки роҳро аз байн бурда мешавад ва роҳ чанд километр наздик ҳам мегардад.

Лоиҳа ҳаст, маблағгузор нест!

Сад километр роҳ аз маркази ноҳияи Айнӣ то Куҳистони Мастчоҳ барои азнавсозӣ бо харҷи 97 миллион доллар лоиҳа таҳия шудааст, лекин даҳсолаҳо гузаштаанду то ҳол ягон маблағгузоре пайдо намешавад, ки онро амалӣ созад. Аз ин роҳ зиёда аз 50 ҳазор аҳолии ноҳияҳои Айнию Куҳистони Мастчоҳ истифода мебаранду нархи кашонидани мол ва  роҳкирои шаҳрвандон рӯз аз рӯз гарон шуда истодааст. Роҳи байни Панҷакент то маркази ноҳияи Айнӣ 100 км буда, роҳкирои таксӣ 30-40 сомониро ташкил медиҳад, аммо дар 90 км роҳи Айнӣ — Куҳистони Мастчоҳ бо сабаби вайронии роҳ нархи роҳкиро 70-90 сомонӣ мебошад. Ин роҳ ба категорияи роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта мансуб мебошад. Пас, чӣ бояд кард, то мушкилоти мардум ҳал шавад?

Роҳи ҳал ҳаст, агар…

Имрӯз зиёд соҳибкоронеро мебинем, ки дар пайравӣ ба сиёсати Сарвари давлат Эмомалӣ  Раҳмон ин мушкилотро андаке ҳал карда истодаанд. Дар сурати ҳамоҳангсозии фаъолияти амалии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ин масъала ҳалли худро хоҳад ёфт. Агар Вазорати нақлиёт ҳар сол ақаллан 10 км аз ин роҳро азнавсозӣ намояд, дар 5-6 сол қисматҳои асосии ин роҳ хуб мегарданд.

Барои ҳалли пурраи ин проблема имкониятҳои дигаре низ вуҷуд доранд. Аз он ҷумла, ноҳияи Айнӣ яке аз навоҳии саноаташ рушдёфтаи кишвар мебошад ва барои аз ҳисоби захираҳои буҷетии он беҳтар намудани ҳолати қисмате аз ин роҳ имконият мавҷуд аст. Ба ғайр аз ин, даҳҳо нафар зодагони деҳаҳои аз ин роҳ мегузашта ҳамчун соҳибкорони муваффақ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он фаъолият намуда истодаанд, ки онҳо ҳам имкон доранд ҳиссаи ватандӯстонаашонро барои ободии диёри хеш гузоранд. Аммо агар мақомоти маҳаллии ҳокимияти  давлатии ноҳияҳои Айнӣ, Куҳистони Мастчоҳ барои ҷалби соҳибкорон ташаббус нишон диҳанд, ин мушкили мардум ҳал мешавад.

Аз саҳифаҳои гузаштаи таърих аён аст, ки мардуми водии Зарафшон роҳи ағбаи Шаҳристонро дар муддати 6 моҳ бе истифодаи техникаҳои роҳкушоӣ, бо дасташон бунёд намуда буданд. Дар ҳолати пайдо шудани ташаббускорон ва таъмини маводи зарурӣ, худи мардум омодаанд, ки фарҳодсифатона амал намуда, дар бунёди ин роҳи тақдирсози зиндагиашон амалҳои накӯеро ба анҷом расонанд.

Маҳз бунёди роҳҳои мувофиқ ба гардиши автомобилҳо дар куҳистон асоси рушди саноат ва истифодаи самараноки захираҳои маҳаллӣ гардида, барои амалишавии ҳадафи чорум, яъне саноатикунонии мамлакат такон мебахшад.

Раҳмон ҚОЗИЕВ, Айнӣ Куҳистони Мастчоҳ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *