Чанд садамаи маргбор
Бар асари ба як чуқурии умқаш 200-250 метр чаппа шудани мошини тамғаи УАЗ-31512 дар мавзеи Оличадараи ноҳияи Балҷувон 6 нафар ҷон бохтаанд. Вазорати дохила мегӯяд, ронандаи мошин Маҳмадулло Розиқов шоми 19 ноябр ҳангоми ҳаракат аз Балҷувон ба Ховалинг аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст.
Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 19 ноябр бар асари ба як чуқурии умқаш 200-250 метр чаппа шудани як мошини УАЗ-31512 дар мавзеи Оличадараи ноҳияи Балҷувон 6 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Бино ба ин гузориш, 19 ноябр, соати тахминан 18 «ронандаи автомашинаи тамғаи «УАЗ-31512”, Розиқов Маҳмадулло Каримович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат аз самти н.Балҷувон ба самти н.Ховалинг, дар мавзеи деҳаи Оличадараи ноҳияи Балҷувон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 200-250 метр чаппа шудааст.”
Дар натиҷаи садама ронанда Маҳмадулло Розиқов ва 5 мусофираш: Маҳмадиев Абдуғаффор, соли таваллудаш 1950, Розиқов Муҳаббат Маҳмадшоевич, соли таваллудаш 1990, Маҳмадиев Мирзоалӣ Абдуғаффорович, соли таваллудаш 1981, Рамазони Мирзоалӣ, соли таваллудаш 2006, хонандаи синфи 7-уми МТМУ №25, Вайсов Сафаралӣ, соли таваллудаш 1957, истиқоматкунандагони деҳаи Обидараи ноҳияи Ховалинг, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Ҳамон рӯзи 19 ноябр, соати тахминан 20:15 як садамаи дигари марговар дар ноҳияи Ашт рух додааст. Вазорати дохила мегӯяд, «ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Каримҷонов Комрон Каримҷонович, соли таваллудаш 1992, сокини деҳаи Бахмали ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шодобаи ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Урунов Зокир Ҳақназарович, соли таваллудаш 1969, сокини маҳаллаи Қалъачаро пахш намудааст.” Бар асари ин садама Зокир Урунов ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар беморхона ҷон додааст.
Дар як ҳодисаи дигари нохуш дар Восеъ як духтари дусола дар даруни ҳавлиашон зери чархи мошин мондааст. Маркази матбуоти вазорати дохила мегӯяд, иллати марги ин кӯдак бадматсии падараш будааст: «20-уми ноябри соли 2017, тахминан соати 15:50-дақиқа, Давлатов Иззатулло Исмонович соли таваллудаш 1985, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Восеъ, дар ҳолати мастӣ дар ҳавлии истиқоматиаш ба шустушӯи автомашинаи бародараш, Давлатов Сайфулло Исмонович соли таваллудаш 1992, машғул шуда, ногаҳон автомашинаи мазкур ба қафо ҳаракат карда, духтари хурдсолаш Давлатова Фотима Иззатуллоевна соли таваллудаш 2015-ро пахш намудааст.Дар натиҷа хурдсол Давлатова Ф. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ