Чанд тағйироти кадрии ҳукумат
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 сентябр Шарофиддин Имомро ба сабаби ба нафақа баромадан аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Афғонистон озод ва Саъдӣ Шарифиро сафири нав дар Кобул таъйин кард.
Ҳамин тавр, Файзулло Холбобоев «ба сабаби ба кори дигар гузаштан” аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Украина сабукдӯш шуда, ба ҷои Давлаталӣ Назризодаро таъйин кард. Давлаталӣ Назризода то кунун консули Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия буд.
Бо фармони Президент ҳамчунин, Султон Раҳимзода «ба сабаби ба кори дигар гузаштан” аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон барканор карда шуда, ба ҷои ӯ акнун дар Деҳлӣ Душанберо Луқмон Бобокалонзода намояндагӣ хоҳад кард. Бо қарори Президенти Фонди байналмиллалии наҷоти Арал — Эмомалӣ Раҳмон Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур Раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъин шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 сентябр ҳамчунин полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевичро сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллӣ таъин кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ