Чанд тағйироти кадрӣ
Раиси шаҳри Хоруғ Қиматгул Алибердиева аз мақомаш барканор ва Акрамбегим Маҳтобшозода иҷрокунандаи вазифаи раиси ин шаҳр таъйин шудааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Роҳбари Давлат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8 ноябр тайи як фармон, раиси шаҳри Хоруғро ба сабаби бознишастагӣ аз мақомаш барканор кардааст.
Ба иттилои ин манбаъ, бо фармони дигари президент, Азизи Азимбой аз мақоми раиси ноҳияи Ашт озод ва ба ҷои ӯ Мирдадо Зариф иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия, таъин шудааст. Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Аштро низ ба сабаби ба нафақа баромаданаш аз ин мақом сабукдӯш кардааст.
Ҳамчунин Ҳамидулло Машрабзодаро муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин гардида, бо амрҳои президент, ҳамчунин Пайшанбезода Муҳиддин Шоҳинбод — мушовири бахши ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Азимзода Алимардон Шоимардон — муовини сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъин карда шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ