Чанд тағйироти кадрӣ

Президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13 ноябр дар сохтмонҳои низомиву амниятӣ ва иқтисодии ҳукумат як силсила тағйироти кадрӣ ба амал овард. Бино ба гузориши хадамоти матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо нафароне, ки ба мансабҳои баланд таъйин шудаанд, аз онҳо даъват кардааст, то «зимни иҷрои масъулияти давлатӣ поквиҷдон, содиқ ба давлату миллат ва ҳушёру зирак, хоксору самимӣ ва бо мардум бошанд.

Хадамоти матбуоти президент хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13 ноябр дар воҳидҳои сохторҳои низомӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо тағйироти кадрӣ ба амал оварда, бо нафарони тоза ба мансабҳои давлатӣ таъйиншуда мулоқот кардааст. Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот аз мансабдорони тозатаъйин хостааст, ки «зимни иҷрои масъулияти давлатӣ ва вазифаҳои хидматӣ поквиҷдон, содиқ ба давлату миллат ва ҳушёру зирак бошанд.”

«Хоксору самимӣ бошед ва дар ҳамкорӣ бо мардум фаъолият карда, мушкилоти мавҷударо бартараф намоед,”— таъкид кардааст раисиҷумҳур дар охири мулоқот.

Рӯзи 13 ноябр бо фармонҳои президент аз ҷумла Пиракзода Ҳикматулло — муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ-сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуллозода Нурулло Ҳамид — муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, Ҳусайнзода Солеҳ Ҳусайн бо қарори ҳукумат аз мақоми муовини вазири дифоъ озод карда шуд.

Ҳамин тавр, меафзояд хадамоти матбуоти президент, дар мувофиқа бо президент сардорони Раёсатҳои Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, инчунин сардорони як қатор отрядҳои сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону корозмӯда ва мутахассисони варзидаи соҳа пурра гардиданд.

Ҳамчунин «ба вазифаҳои масъули баъзе Раёсатҳои Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастгоҳи марказӣ низ мутахассисони соҳибтаҷриба таъин карда шуданд.Чунин тағйироти кадрӣ дар баъзе аз ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сурат гирифта, роҳбарии ин воҳидҳои низомиро афсарони донандаи забонҳои хориҷӣ, хатмкардагони зиёда аз ду муассисаи олии таълимоти ҳарбӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат ба уҳда гирифтанд.”

Баъши дигари тағйироти кадрӣ марбут ба блоки иқтисодии ҳукумат мебошад. Аз ҷумла бо қарори ҳукумат Умед Давлатзода «бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш” аз мақоми муовини вазири рушди иқтисод ва савдо озод гардида, ба ҷои вай Ҷӯразода Тоҷиддин, ки то имрӯз муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди президент буд, муовини вазири иқтисод таъйин шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *