Чархбол мехаред? Ба шумо арзонтар медиҳем
Ширкати “Чархболҳои Русия” дар як ҳамоише дар шаҳри Душанбе рӯзи 29 март қудрату тавоноии чархболҳои русиро нишон дод, то харидоре пайдо кунад.
Харидорони эҳтимолӣ ҳам ниҳодҳои давлатӣ ба мисли Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон буданд.Чархболҳои тамғаи МИ-8АМТ, МИ-17А2 ва КА-226Т, аз чархболҳои пешрафтаи русист, ки дар кишварҳои зиёде ва бахусус Шӯравии собиқ харидор дорад. Марзбонони тоҷик гуфтанд, ки чархболҳои ба мисли МИ-8АМТ ва МИ-17А2 барои посбонии марзҳои кӯҳистонӣ мувофиқанд, вале зӯри кишвар ба харидани онҳо намерасад.Полковник Рустам Иброҳимов, муовини фармондеҳи нирӯҳои ҳавоии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон гуфт, “нархҳое, ки намояндагони ширкати Русия гуфтанд, барои Тоҷикистон хеле гарон аст. Ҳарчанд ин чархбол аз ҳамсонҳои хориҷии худ арзонтар мебошанд. Барои Тоҷикистон бояд имтиёзҳо дода шавад. Зеро сарҳадбонҳои тоҷик сарҳадҳои ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ҳимоя мекунанд”.Зимни муаррифӣ мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳам гуфтанд, ки чархболҳои русӣ барои шароити кӯҳистони Тоҷикистон созгор аст, зеро муҳаррикҳои нерӯманд доранд ва то 4-5 тонна бор мебаранд. Дар гармои беш аз 40-дараҷаӣ парвоз барояшон мушкилие надорад. Тарафи Русия мегӯяд, агар харидор дар Тоҷикистон пайдо шавад, шояд имтиёзе ба он дода шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ