Чархболе, ки ба Бухоро парвоз мекард, сӯзонда шуд ва мусофиронаш асир афтоданд
Дар вилояти Лугари Афғонистон як чархболи покистонӣ, ки барои таъмир ба шаҳри Бухорои Ӯзбекистон парвоз мекард, бо сабабҳои техникӣ ба замин нишаст ва 6 нафар мусофирони он ба дасти гурӯҳҳои ифротгаро асир афтоданд.
Тавре, ки агенти РИА Новости хабар медиҳад, ин чархбол ба қувваҳои ҳарбии Покистон тааллуқ доштааст. Дар байни асирафтодагон як нафар рус ҳам будааст. Тавре, ки сокинони маҳаллӣ иттилоъ додаанд, чархболро ҳамон замоне, ки ба замин нишаст, силоҳбадастон оташ задаанд. То ҳол маълум нашудааст, ки ин чархбол дар ҳудуди Афғонистон чӣ кор мекард. Аз тақдири сарнишинони он танҳо ҳамин қадар маълум аст, ки то ҳол онҳо зиндаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ