Чархболи ҳарбии Ӯзбекистон сарнагун шуд

Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллии Узбекистон, як чархболи ҳарбии МИ-171 ду рӯз пеш  дар водии Фарғонаи ҳаммарз бо ҷумҳурии Қирғизистон, сарнагун шудааст.

Ин расонаҳо ба такя ба манобеи худ дар вазорати дифои он кишвар навиштанд, ки дар ин ҳодиса 9 нафар, аз ҷумла се узви ҳайати парвоз ва 6 низомӣ, ҷон бохтаанд.

Сабабҳои ин ҳодиса то ба ҳол маълум нест ва вазорати дифои Узбекистон ин ҳодисаро «фалокат» номида ва аз ташкили комиссияи вижа барои таҳқиқи сабабҳои сарнагун шудани чархболӣ низомӣ, хабар додааст.

Мақомоти Узбекистон низ ба пайвандону наздикони қурбониёни ҳодисаи суқути чархбол дар водии Фарғона ҳамдардӣ намудаанд. Иттилоияи расмии ҳукумати Узбекистон мегӯяд, ки ин чархбол ҳини «парвози нақшавӣ» ба садама дучор шудааст.

Тибқи иттилои расонаҳо, аз соли 2009 инҷониб 7 ҳолати суқути чархболҳои МИ-171-и истеҳсоли Русия ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа дар маҷмӯъ 41 нафар ҷон бохтаанд.

Ин дувумин садамаи маргбори ҳавоӣ дар Узбекистон дар чанд соли ахир ба шумор меравад. Дар таърихи 13 январи соли 2004 бар асари суқути як ҳавопаймо дар Фурудгоҳи шаҳри Тошканд 37 нафар аз мусофирон ба ҳалокат расида буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *