Чархболро Толибон заданд ё ба кӯҳ бархӯрд?

Тибқи гузоришҳо аз Афғонистон, як чархболи низомӣ субҳи имрӯз, чаҳоршанбеи 31-уми октябр дар вилояти Фароҳ воқеъ дар ғарби он кишвар, суқут кардааст.

Гуфта мешавад, ки шуморе аз мақомҳои баландпояи давлатӣ ва низомӣ дар ин чархбол ҳузур доштаанд.

Нурулҳаққ Холиқӣ, сухангӯи нерӯҳои пиёда дар вилояти Фароҳ суқути ин чархболро тасдиқ кард ва гуфт, ки дар ин чархбол раиси Шӯрои вилояти Фарид Бахтовар ва ҳудуди 20 тан аз мақомҳои дигари ин вилоят ҳузур доштанд.

Ба гуфти Холиқӣ, ин чархбол ба тарафи Ҳирот дар ҳаракат буд ва дар минтақаи Анордара бар асари номусоидии боду ҳаво бо як кӯҳ бархӯрда ва ба садама дучор шудааст. Дар миёни кушташудаҳо афроди баландояи низомӣ ва мулкӣ ҳастанд. Номҳо ва мансабҳои ҷонбохтагони ин ҳодиса то ба ҳол ба таври эълон нашудааст. Аммо гуфта мешавад, ки як узви зани Шӯрои вилояти Фароҳ низ дар миёни ҷонбохтагони ин ҳодиса ҳаст.

Аз тарафи дигар, гурӯҳи Толибон бо нашри як эъломия иддао кардааст, ки як чархболи нерӯҳои афғонро дар минтақаи Анордара сарнагун кард, ки бар асари онҳо шумораи зиёде аз афрод кушта шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *