Чаро қабули донишҷӯён дар ДДТТ зиёд шуд?

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон соли равон теъдоди қабули донишҷӯёнро 500 нафар зиёд кардааст.

Ректори донишгоҳи мазкур Маҳмадшоҳ Гулзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки агар соли гузашта 1500 донишҷӯ қабул шуда бошанд, имсол ин рақам ба 2000 нафар расонида шуд.

«Аз ҷумла, қабули довталабон ба факултетҳои педиатрия зиёд шудааст, зеро дар ҷумҳурӣ духтурони педиатрӣ, инчунин оид ба тибби профилактикӣ намерасанд. Ҳалли мушкилот, аз қабили COVID-19 нишон медиҳад, ки дар ин факултетҳо мутахассисон хеле кам ҳастанд»,- гуфт ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *