Чаро қасам ба номи Аллоҳ мехурем? Посухи Хомӯшӣ

Дар автобус шоҳиди гуфтугӯи ду ҷавоне гардидам, ки сари кадом масъалае чандин маротиба «қасам ба номи Аллоҳ» — гуфта бо ҳам баҳс доштанд.

Мусофирон аз садои баланду қасам ёд кардани онҳо худро ноҳинҷор эҳсос намуда, яке рӯй турш мекарду дигаре  гӯё  намешунид.

Мӯйсафеди нуроние, ки дар курсии пеш нишаста буд,  ба онҳо рӯ оварда, насиҳатомез гуфт, ки аз хӯрдани чунин қасам худдорӣ намоянд, зеро гунаҳгор мешаванд. Вале онҳо гӯши насиҳатшунав надоштанд.

Мутаассифона, имрӯз дар ҷомеа, бахусус дар кӯчаву бозор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба мушоҳида мерасад, ки ҷавонону наврасон, кӯдакон, ҳатто занону мардони солхӯрда  баҳудаву беҳуда ба номи Оллоҳ қасам мехӯранд. Аксари  онҳо чунон одат кардаанд, ки дар баёни ҳар як ҷумла  ва фикру андеша «ба Худо», «ба Худое, ки», «Худо занад»,  «ба Худое, ки халқам кардааст», «ҷонам фидои номи Оллоҳ, ки», «қасам ба Оллоҳ» — ро  ба забон меронанд. Баъзеҳо  ҳангоми суҳбат худ ба Худо қасам хӯрда, барои сухани ростро аз мусоҳибаш шунидан  суоломез «ба номи Оллоҳ?» —  гӯён ӯро маҷбур менамояд, ки бо ин ном савганд ёд кунад.  Ҳамчунин, бархе барои тақвияти сухани хеш ва мутмаин кардани мусоҳибон  ибораҳои «қасам ба Қуръон», «нон занад», «нон кӯрам кунад» мегӯянд. Ба мазору авлиё ва арвоҳи гузаштагон низ қасам мехӯранд. Ҳатто ашхосе низ вомехӯранд, ки барои бовар намудани  ҳамсуҳбаташ ба унвони дурӯғгӯй дашном мефармоянд.

Қасам хӯрдан  ва ё савганд ёд кардан аз нигоҳи дини мубини ислом чӣ муҷозоте дорад? Барои ба ин масъала рӯшанӣ андохтан ба Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муроҷиат кардем.

—  Аз нигоҳи ахлоқӣ ва эътиқодӣ қасам хӯрдан хуб нест. Таълимоти гузаштагони  мо ин буд, ки инсон бояд ҳеҷ гоҳ қасам нахӯрад ва ҳатто аз қасами рост хӯрдан низ ҳазар кунад. Шахси мусалмон аз ёд кардани қасами ноҳақ бипарҳезад. Чунончӣ дар аҳодиси Паёмбар (с) омадааст, ки «Қасами бардурӯғ баракатро аз умр бармедорад, рӯзиро кам мекунад, обрӯйро мерезад».

Қасам аз нигоҳи шаръӣ бар се қисм аст: ғамус, мунақида,  лағв.

Қасами ғамус ин аст, ки шахсе ба кори гузашта бардурӯғ қасам мехӯрад ва қасди дурӯғро дошта бошад. Масалан, мегӯяд, ки ”ба Худо қасам ба чунин ҷой нарафтаам”, ҳол он ки рафтааст. Дар ин сурат шахс ба гуноҳ ғутавар мешавад. Яъне, ғамус ба об ғутавар шудани санг аст. Чунин қасам кафора надорад, магар тавбаву истиғфор.

Қасами мунақида он аст, ки шахс ба кори оянда савганд ёд мекунад. Масалан, мегӯяд, ки “ба Худо қасам  фалон корро анҷом медиҳам ё  намедиҳам”. Агар бар хилофи қасами худ амал намуд, бояд кафораи қасам бидиҳад. Чунончӣ дар боби  кафораи қасам дар китобҳои фиқҳи исломӣ баён шудааст, даҳ нафарро субҳу шом таом медиҳад ё  либос мепӯшонад.  Ва ё  қимати ҳамон таом ё либосро ба як нафар бенаво медиҳад.  Агар нотавон бошаду ҳеҷ яке аз ин амалҳоро иҷро карда натавонад, бояд се рӯз рӯза бигирад. 

Қасами лағв он аст, ки шахс ба кори гузашта қасам мехӯрад ва гумон мебарад, он чӣ мегӯяд, рост аст. Вале баъдан маълум мешавад, ки дурӯғ будааст.  Умед аст, ки Худованди бузург ба ин гуна қасам муохаза менамояд. Бинобар ин, шахс бояд аз хӯрдани қасам эҳтирос кунад. 

Дар масъалаи қасам ба ғайр аз номҳои Худованд, Ҷамолиддин Хомӯшӣ иброз дошт, ки аз нигоҳи мазҳаби Абӯҳанифа раҳматҳуллоҳ, ки яке аз усулаш урф аст, ягона мазҳабест, ки онро эътироф мекунад. Аз ин лиҳоз аз нигоҳи урфӣ, яъне дар урфи мо он чизе, ки ҳамчун қасам эътироф мешавад ва мардум  ба он эҳтиром қоиланд ва муқаддас мешуморанд, ҳамчун қасам барои худ қабул мекунанд, аз нигоҳи динӣ ягон зарару зиёне надорад. Масалан, қасами табибон, ҳарбиён ва хизматчиён  қасами урфӣ маҳсуб меёбад. Савганд ба Қуръон низ урфист. Қасам ба номи мазор, шахс ва ё чизи дигар аз ҷиҳати динӣ ягон эътиборе  надорад. Мунаввари САФАР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *