Чаро Ҷамшед Олимов аз ТВ “Сафина” рафт?

Ҷамшед Олимов, журналисти шинохтаи телевизион ва ровии барномаҳои тафреҳии “Фазо” ва “Лазиз бо Ҷамшед” аз  ТВ  “Сафина” рафтааст.

 Як манбаъ аз ТВ “Сафина” ба Pressa.tj гуфт, ки Ҷамшед Олимов ду ҳафта пеш аз телевизион канор рафт ва сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таъин шуд. Дар ҳукумати шаҳри Душанбе низ ин хабарро тасдиқ карданд. Ҳоло ба ҷои Ҷамшед барномаи фароғатии “Фазо”-ро, ки муаллифонаш Умари Пӯлод ва Дилрабо Юсупова мебошанд, журналисти дигар Саиданвар Умарзода пеш мебарад.

Барномаи “Фазо” тафреҳӣ буда, ҳафтае се маротиба дар шакли пахши зинда манзури бинандагон мегардад.  Режисёри барномаи мазкур Алишер Қаландаров аст.

Ҷамшед Олимовро журналисти соҳибистеъдод ном мебаранд. Ӯ зодаи шаҳри Кӯлоб буда, донандаи забонҳои русӣ, англисӣ ва хитоӣ мебошад. Номбурда  беш аз 10 сол инҷониб дар ТВ “Сафина” фаъолият дошт.   Акнун Ҷамшед Олимов ба курсии Абдумаҷид Усмонзода такя мезанад. Аммо  маълум нест, ки Абдумаҷид Усмонзода, ки солҳои зиёд директори ТВ “Ҷаҳоннамо” ва ахиран   сухангӯи раиси шаҳри Душанбе буд,  ба кадом вазифа таъин мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *