Чаро ҷипсаворон барои худнамоӣ дар рӯзи тӯй ҷарима шуданд?! (аудио)
Бино ба хабари маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе, рӯзи 21-уми апрел дар натиҷаи мавриди санҷидани муроҷиати як шаҳрванд ва навори ирсолкардаи ӯ ронандаи мошини тамғаи «Тойота-Прадо», рақамҳои қайди давлатиаш 00 07 ОТ 01, Ғоибов Салимҷон Файзиддинович, санаи таваллудаш 29.07.1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳисорак боздошт шуд.
Милитсияи Душанбе хабар дод, ки “… чуноне дар навори ирсол намудаи шаҳрванд ва зимни пурсиш муайян карда шуд, Ғоибов Салимҷон ҳангоми иштирок дар маросими тӯйи домодӣ, дар кӯчаи Ҳисорак дидаву дониста қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намудааст. Номбурда ду нафар ҷавонро дар ду паҳлуи автомашинаи худ ҷойгир намуда, ҳангоми ҳаракати гуруҳӣ ҳолати хатарноку садамавиро ба вуҷуд овардааст”.
Чунин рафтори ҷавононро дар расме, ки ҳангоми ҳаракати ҷип ду ҷавон дар рӯи помонакҳои ду дари он рост истода, худнамоӣ мекунанд, бараъло дидан мумкин аст. Ёдовар мешавем, ки чунин ҳодисаҳо метавонанд боиси сар задани чандин нохушиҳо гарданд. Бояд аз ҷониби мақомот пеши чунин ҳодисаҳо ҳарчи саривақтӣ гирифта шавад, вагарна, кӣ гуфта метавонад, ки пагоҳ чӣ хоҳад шуд?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ