Чаро 52 хатсайрашро дигар кард?
Субҳи имрӯз, 03.02.2021, соати 7:30 микроавтобуси рақами-52 бо шумори зиёди мусофирон, хатсайрро ба рақами-17 иваз кард ва мусофиронро бо он хатсайр бурд (Дар акс маршруткаи қонуншикан) . Ба эътирози мо ронанда ва ёрдамчиаш дағалона посух доданд, ки шумо нишастан гиред, мо инҳоро ба ҷояшон бурда мемонему , пас шумо аз руи хатсайри 52 ҳаракат мекунед. Барои ба кор дер намондан мо маҷбур шудем,ки микроавтобусро тарк кунем . Магар шаҳр бесоҳиб аст,ки ронандагон аз пеши худ тағйири маршрут мекунанд ва мусофиронро саргардон менамоянд? Хоҳишмандам, роҳбарони чунин ронандагони худсар нисбати онҳо чораҷӯӣ кунанд.
Лола Чумаева ,сокини Душанбе.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ