Чаро ҷавонзани 24-сола худкушӣ кард?
5. 04. 2017 дар ноҳияи Зафаробод ҷавонзани 24 сола даст ба худкушӣ зад. Ба гуфти модари марҳум-Фирӯза Раҳматуллоева духтараш пеш аз қасди ҷон кардан баёноте навишта, дар он бо истифода аз ранги қалам мӯҳри дастонашро гузошта навиштааст, ки аз дасти ҷабру зулми хушдоманам маҷбур риштаи ҳаётамро бо дастони худам канда истодаам…
Ҷавонзан соли 2013 оиладор шуда, соҳиби як писарча аст. Дар баёноти пеш аз маргаш навиштааст, ки “модарҷон, агар фарзандамро бонӣ карда натавонед ӯро ба хона-интернат супоред. Намехоҳам писари ман дар дасти чунин зани бераҳм монда азоб кашад…”
Айни ҳол баёноти ҷавонзан дар дасти кормандони милитсияи ноҳия буда, оид ба ин масъалаи тафтишот идома дорад.
Идомаи мавзӯъро дар шумораи навбати ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ