Чаро ҳавопаймоҳо аз парвоз боз монданд?

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” сабаби асосии афзоиши ҳодисаҳои ба таъхир гузоштани парвозҳоро ба “дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз” рабт дод.

Ҷамила Ҳусейнова, масъули маркази матбуоти фурудгоҳ имрӯз, 19 октябр дар суҳбат гуфт, дар 9 моҳи соли равон 960 ҳолати таъхири парвозҳо сабт шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 213 парвоз ё 28,5 дарсад бештар аст.

Ба иттилои ӯ, дар бештари ҳолатҳо дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз сабаби таъхири парвоз мешавад. Ӯ гуфт, далели 644 ҳолати таъхир ҳам ҳамин буд: “182 ҳолати дигар дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо ва ғайра), 55 ҳолат номусоидии обу ҳаво ва дигар сабабҳо буданд”.

Дар ҳамин ҳол, хонум Ҳусейнова афзуд, “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” барои кор дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 пурра омода мебошад: “Тибқи нақшаи чорабиниҳои фурӯдгоҳи Душанбе хадамоту шуъбаҳои фурӯдгоҳ нақшаҳои инфиродии чорабиниҳои худро барои омодагӣ ба кор дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 омода сохтаанд ва раванди татбиқи онҳо давом дорад”. 

Ӯ дар идома гуфт, “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба 955,2 ҳазор мусофир хизмат расонидааст, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,1% зиёдтар мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *