Чаро Азизмад худкушӣ кард?

Ҷасади Азизмад Юсупов, корманди Идораи ҳолатҳои фавқулоддаи ҳукумати шаҳри Кӯлобро субҳи имрӯз, душанбеи 19-уми феврал аз таҳхонаи манзилаш пайдо карданд.

Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Кӯлоб қабл аз зӯҳри душанбе гуфтааст, ки соате қабл ҷасади Азизмад Юсупов, корманди Идораи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Кӯлоб дар таҳхонаи хонааш пайдо ва барои ташхиси судӣ-тиббӣ бурда шуд.Ин манбаъ гуфт, «ҳамин як ё ду соат пеш мурдаашро аз таҳхона пайдо карда, ба суд-экспертиза бурданд. Ӯ худашро бо банд дар дор кашидааст. Ҳоло сабабаш маълум нест, ки ин корманди ҳолатҳои фавқулоддаи ҳукумати шаҳр барои чӣ худро ба дор кашидааст.»Ба гуфтаи манбаъ, Азизмад Юсупов дар ҳукумати шаҳр ба ҳайси корманди ҳолатҳои фавқулодда ифои вазифа мекард ва дар яке аз баландошёнаҳои маҳаллаи 13-уми шаҳр ба сар мебурд. Ҳамкоронаш низ сабаби даст ба ин амал задани ҳамкорашонро намедонанд, аммо мегӯянд, ки дирӯз сари кор буд ва ҳеҷ афсурдагӣ ё нороҳатие надошт.Мақомоти интизомӣ дар ҳоли таҳқиқи ин қазия ҳастанд ва талош доранд, то сабабҳои даст ба худкушӣ задани ин корманди МЧС-и шаҳри Кӯлобро мушаххас кунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *