Чаро Бекмурод сенома шуд? (чандрасонаӣ)
Нахустфарзанди Бекмурод-Ҷавоҳир, ки 6- сол дорад ба хона баргаштани падарашро интизорӣ мекашад. Пас аз як сол ӯ ба синни мактабӣ мерасад. Аммо ин кӯдаки аз асли ҳол бехабар умедвор, ки падараш дар Руссия асту то оғози соли хониш ба ватан бармегардад. Вақте аз ӯ пирсидем, ки падарашро чӣ қадар пазмон шудааст, Ҷавоҳир ангушти ишорат сӯи кӯҳ карда гуфт: Падарамро аз ҳамон кӯҳ ҳам баланд ёд кардам.
Ду саволи фарзандонам бештар ғам медиҳад
Ҳамсари Бекмурод-Мафтуна Сатимоваро на танҳо ғами дар паси панҷара будани шавҳар, инчунин кунҷковиҳои фарзандонаш ба қавли худи ӯ “обу адо” кардааст. Ба гуфтаи ин зан рӯзе нест ки писари калонияш-Ҷавоҳир “падарам кай меояд?” гуфта пурсон нашавад. Ин суолро ҳамарӯза ду фарзанди калониям такрор ба такрор медиҳанд. Барои нашикстани рӯҳияи онҳо ашки чашмамро ниҳон дошта, “худо хоҳад корҳояи падартон корҳояшро ба анҷом расонад ҳатман меояд” –мегӯям.
Спитамен аз ҷиҳати осебпазирӣ дар ҷои сеюм
Шаҳрҳои Исфара Истаравшан ва ноҳияи Спитамен маҳалҳои осебпазири вилояти Суғд дар мавриди шомил шудан ба ҳизбу гурӯҳҳои тундгаро ном бурда шуданд. Лоиқшо Зикирзода, раиси суди ноҳияи Спитамен гуфт, ки ин ноҳия аз ҷиҳати осебпазирӣ дар ҷойи сеюм баъд аз шаҳрҳои Исфараву Истаравшан қарор дорад. Ба гуфти ӯ соли 2016 судияҳои ноҳияи Спитамен 6 парвандаро нисбат ба 7 нафар мавриди баррасӣ қарор додаанд. Аз ин теъдод 2 нафарашон дар ҷангҳои мусаллаҳонаи давлатҳои исломӣ иштирок кардаанд. Раиси суди ноҳияи Спитамен мегӯяд, ҳардуи онҳо ҳангоми бозгашт аз ҷониби кормандони ниҳодҳои қудратии Русия ва Тоҷикистон боздошт шуданд.
Имрӯз шароити зиндагӣ хуб, аммо дониши динии ҷавонон хуб нест
Мақсудҷон Ахмедҷонов, имомхатиби масҷиди ҷомеъи ба номи “Мавлонои Румӣ”-и деҳаи Оқтеппа, гуфт муаммое, ки дар ҷомеа вуҷуд дорад ин шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои характери динӣ-экстрамистӣ дошта мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо бештар ҷавононе, ки дониши кофии динӣ надоранд, шомил мегарданд. Зеро ҷавононе, ки дорои сатҳи пасти дониши динӣ, дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ, моддӣ, идеологӣ ва ғайраҳо ҳастанд, зуд роҳи халосӣ аз проблемаҳоро дар чунин равияҳои номатлуб мебинанд.
Чаро Бекмурод дар Руссия сенома шуд?
Аслан ин ҷавони раҳгумзада тахмин моҳи апрели соли 2013 ҳангоми дар шаҳри Новосибирски ФР қарор доштан дар масҷиди “Красина” бо воситаи додараш-Сатимов Шӯҳрат Дилмуродович (бо моддаи 401 иловаи 1 дар кофтуков қарор дорад) бо аъзоёни иттиҳоди ҷиноятпешаи террористӣ ва экстремистии “Ҳизби Исмоилии Туркистон” бо Юсупов Ҷавлон ва дигарон шиносоӣ пайдо намудааст. Баъд ӯ мунтазам рӯзҳои ҷумъа дар масҷиди зикршуда ба намоз мерафт. Он ҷо бо аъзоёни иттиҳоди ҷиноятӣ вохӯрда, дар ҷаласаҳои пинҳонии иттиҳод, ки бо роҳбарии Юнусов Ҷавлон, Раҳимов Муҳаммадҷон ва Эрматов Муродҷон гузаронида мешуданд иштирок намуда, аз номбурдагон таъимоти ифротгароёнаи динӣ гирифта ақидаҳои ифротгароёнаи худро қавӣ гардонидааст.
Сипас моҳи июни соди 2014 бо роҳи “Байъат” додан ба иттиҳоди ҷамъиятии “Ҳизби Исломии Туркистон”, ки мақсадаш тағйир додани сохти Конститутсионии давлатиҳои демократӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва барпо кардани давлати исломӣ мебошад аъзо гардида, тахаллуси “Довуд”-ро гирифтааст. Илова бар ин аз ҷониби роҳбари ҷузъу томи таркибии иттиҳоди мазкур дар шаҳри Новосибирски ФР бо номи Абдулло барои бо роҳи ташфиқу тарғиб зиёд кардани аъзоёни иттиҳод ва ҷамъ кардани аъзоҳаққӣ вазифадор шудааст. Соли 2014 ба маблағи 5000 рубли ФР аъзоҳақӣ супурдааст.
Муаллима ашк рехт, ки Бекмурод фаъолтарин шогирдаш буд
Аз солҳои 2003 то 2007 ба Бекмурод ва Муродҷон (ӯ ҳам бо ҳамин ҷурм зиндонӣ шудааст) дарс додам. Ҳарду аз ҳамдигар боодаб буданд. Гарчанд Муродҷон яккаписар ва каме шух бошад ҳам, дар сараш ягон фикру идеияи бад надошт. Зеро ман муаллима ҳастам ва дар сари шогирдонам чи фикру ниятҳо ҳаст чун модари худашон ҳис мекунам. Имрӯз дар деҳаи Оқтеппа оилаи Сатимовҳо намунаи ибрати дигарон аст, ҳаммашон таълиму таҳсилдида, худи Бекмурод духтур буд мегӯяд,- Сабоҳат Мирзоқулова котиби ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен ва муаллимаи ӯ.
Духтури дандон дарди дандони волидонаш шуд
Моҳи апрели 2013 Бекмурод ба шаҳри Новосибирси ФР барои кор рафта он ҷо ду моҳ дар сохтмон кор кардааст. Пас аз ду сол ӯ ҳамсар ва фарзандонашро ба наздаш овардааст. Сипас моҳи апрели соли 2014 ҳамсар ва фарзандонашро ба Тоҷикистон фиристода, манзили зисташро иваз кардааст. Тахмин моҳи июни соли 2014 додараш Шӯҳрат ӯро ба хонаи Муссо ном шаҳрванди Ӯзбекистон даъват намудааст. Дар он манзил Абдулло ном шахс аз Ӯзбекистон ҷамъомад ташкил карда оид ба ҷиҳод суханронӣ мекардааст. Баъд моҳи октябри соли 2014 ӯ боз ба ба шаҳри Новосибирск рафтааст.
Инчунин ӯ охирҳои моҳи апрели соли 2015 Бекмурод ба додараш Шӯҳрат барои баргаштанаш ба Тоҷикистон 10.ҳазор рубли русӣ додааст.
Модари Бекмурод дар суд нишондод додааст, дар ҳақиқат писарошан Шӯҳрат ва Бекмурод ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Аммо пеш аз муҳоҷират Бекмурод се сол ҳамчун дандонпизишк кор кардааст. Вале баъди пн солҳои корӣ худ дарди дандони модар падараш шудааст.
Суди ноҳияи Спитамен Сатимов Бекмурод Дилмуродович (соли таваллудаш 28 январи 1983 зодаи ноҳияи Спитамен)-ро бо моддаи 178 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум сохт. Ин аст ҳаёти як ҷавонмарди зиёӣ, ки дар оилаи зиёӣ ба дунёӣ омада, замони мактабхонӣ ифтихори мактаб ва дар оила фахри модару падар буд. Вале имрӯз дониши пасти динӣ ва зудборарияш ӯро ба муддати 8 сол паси панҷара бурад.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ