Чаро беш аз 50 ҳазор муҳоҷир ба Русия ворид шуда наметавонанд?
Тайи 3 моҳи соли 2022 вуруди беш аз 50 ҳазор муҳоҷир ба Русия мамнуъ шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дод.
Таъкид шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 7 ҳазор нафар камтар аст. Он замон қариб 60 ҳазор муҳоҷир ба Русия омада натавонистанд.
Ба ин омор ба ҷуз аз шаҳрвандони хориҷӣ шахсони бешаҳрванд низ шомил мешаванд. Одатан муҳоҷир дар сурати доштани қонуншикании зиёди маъмурӣ аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум карда мешавад.
Шаҳрвандони дигар давлатҳо наметавонанд ба Русия сафар кунанд, агар шартҳои будубошро дар ҷараёни сафари қаблӣ риоя накарда ва тартиби убури сарҳадро вайрон карда бошанд.
Дар сурати пешниҳоди маълумоти бардурӯғ, доғи судӣ, қарз ва ҷарима, ширкат дар созмони мамнуъ ё террористӣ, дар сурати ихроҷ шудан вориди кишвар шуда наметавонед.
Дар маҷмуъ қонунгузории Русия 22 асос барои мамнуияти муваққатии вурудро пешбинӣ намудааст.
Қаблан Вазорати корҳои дохилии Русия гуфта буд, ки дар семоҳаи аввали соли 2022 онҳо тамоюли мусбатро дар байни шаҳрвандони дигар давлатҳо қайд кардаанд.
Муҳоҷирон ба тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои будубош дар Русия бештар талош доранд.
Гуфта мешавад, шумораи хориҷиёне, ки сабти ном, патент, иқомати муваққатӣ ва иҷозаи иқомат гирифтаанд, нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Вазорати корҳои дохилӣ инчунин дар бораи бозгашти ҷараёни муҳоҷират дар Русия ба нишондиҳандаҳои пеш аз пандемия хабар дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ